• Tajik
  • Русский
  • English

    Cанаи  30-уми августи соли равон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати чиноии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co.» Ма Йоунг шартномаи  лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт баимзо расонданд.

Бояд қайд кард, ки сохтмони роҳи мазкур дар доираи маблағгузории лоиҳаи Рушди устувори шабакаи роҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Бонки Осиёгии Рушд (БОР) амалӣ мешавад.

    Лозим ба ёдоварист, ки лоиҳаи мазкур аслан аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи якум Ҳулбук – Темурмалик 33.4км,  марҳилаи дуюм Темурмалик – Кангурт 25.17км – ро дар бар мегирад.

      11.09.2020 барои интихоби паймонкор озмун эълон гардид, ки дар он ширкати Чайна Стейт Констракшн Синҷан Констракшн Инҷиниринг групи Чин ғолиб дониста, аз тарафи БОР тасдиқ гардид.

  Маблағи умумии барои лоиҳаи Рушди устувори шабакаи роҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 72,93 млн. доллари ИМАро ташкил медиҳад, ки аз он 67,49 млн. доллари ИМА гранти Бонки Осиёгии Рушд ва 5,44 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  Пас аз ба имзорасии шартнома, Вазири нақлиёт  аз ҳамкориҳои густурда дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистону Чин ёдовар шуда, ҳамчунин  изҳори боварӣ намуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати мазкур, ки ба ҳайси паймонкор дар озмун ғолиб омад бо сифати баланд ва сари вақт ба анҷом хоҳад расид.