• Tajik
  • Русский
  • English

  Ба таваҷҷуҳи интиқолдиҳандагони ватанӣ расонида мешавад, ки аз 17 майи соли ҷорӣ ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин контейрнерҳои холии дар ҳамлу нақли автомобилӣ истифодашавандаро, ки бо бор ба Тоҷикистон оварда шудаанд, бозпас қабул мекунад.

  Тартиби мазкур дар асоси Протоколи ҷаласаи сеюми Гурӯҳҳои кории механизми муштарак оид ба пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори синзян-Уйғури Чин, ки 27 апрели соли 2021 тариқи маҷозӣ баргузор гардида буд, амалӣ мегардад.

  Бояд қайд кард, ки дар робита ба маҳдудият ҳангоми паҳншавии бемории ҳамагири  COVID-19 соли   гузашта бо кантейнерҳое, ки  аз Чин ба кишвари мо бор оварда мешуд, бозпас гирифта  намешуданд ва бори навбатиро бо контейнери нав меоварданд. Ҳоло барои бозпас гирифтани онҳо аз интиқолдиҳандагон иҷозат дода  шуд.