• Tajik
  • Русский
  • English

Ба таваҷҷуҳи ИХРА- ҳо ва МДНРА – ҳо:

Вазорати нақлиёт Озмун эълон мекунад!

          Бо Фармони вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2021 бо мақсади муайян намудани беҳтарин муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақа ва шаҳру ноҳияҳо ва беҳтар намудани ҳамкории МДНРА – ҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо озмунҳои «Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди беҳтарин» ва «Беҳтарин ҳамкории МДНРА бо МИҲД» миёни муассисаҳои давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи Вазорат ташкил карда шуд.

Ба озмунҳо  комиссия аз рўи шартҳои тасдиқгардида баҳогузорӣ намуда, то охири сол аз рўи чунин низомномаҳо баҳогузорӣ ва ҷамъбаст мегарданд: 

Низомномаи озмуни «Беҳтарин Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»

  1. Озмуни «Беҳтарин Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» бо мақсади пурра, ҳаматарафа ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти корӣ, инчунин ҳавасманд намудан аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муассисаҳои давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳо ҳамасола ташкил ва гузаронида мешавад.
  2. Дар озмун муассисаҳои давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят ва минтақаҳо, инчунин муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақа ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.
  3. Барои ташкил ва гузаронидани озмун Комиссияи озмунӣ ташкил карда шуда, ҳайати он бо Фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  4. Ба ҳайати комиссия мутахассисони варзидаи соҳавӣ ҷалб карда мешаванд. Раисии комиссияро муовини якуми вазир ба уҳда дорад.
  5. Комиссияи озмунӣ фаъолияти муассисаҳои иштирокчии озмунро аз рӯи талаботи зерин таҳлил ва ҷамъбаст менамоянд:

-        таҳлили садамаҳои роҳу нақлиёт дар роҳҳои дар тавозунбуда ва сабабҳои рух додани онҳо;

-        иҷрои корҳои таъмиру нигоҳдорӣ (нақша, иҷроиш, сифат);

-        иҷрои корҳои таъмири асосӣ (иҷроиш ва сифат);

-        вазъи ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (дар самти фаъолият);

-        вазъи ҳамкорӣ бо соҳибкорон (иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби соҳибкорон фармоишдода);

-        ҳолати суратҳисоби махсус (маблағҳои воридгардида, хароҷоти самаранок, супоридани пардохтҳои ҳатмӣ ва ғ.);

-        сатҳу сифати кадрии муассиса (ҷобаҷогузории мутахассисон, механизаторон, ронандагон, дараҷаи тахассус ва ғ.);

-        намои берунаи бино ва утоқҳои кории муассиса, дараҷаи таъмин бо таҷҳизоти корӣ;

-        дараҷаи таъмини шароити кормандон (таъмин бо либосҳои махсус, хӯроки гарм, ҷойи хобу истироҳат);

-        омодагии техникаҳои роҳдорӣ (шумора, ҳолати техникӣ, сатҳи нигоҳдорӣ);

-        сатҳи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон (захираи маводҳои зиддилағжиш, ҳезум, ангишт, сӯзишворӣ, озуқа ва ғ.)

-        логотип (ба роҳ мондани насби логотип).

  1. Комиссияи озмунӣ пас аз таҳлил ва баҳогузорӣ бо қарори худ «Беҳтарин Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»-ро муайян менамояд.
  2. Ишғолкунандагони ҷойҳои 1, 2 ва 3 бо мукофотпулӣ ва диплом сарфароз гардонида мешаванд.
  3. Аз болои қарори комиссияи озмунӣ ба Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардан мумкин аст.
  4. Дар сурати норозӣ будан Вазири нақлиёт ҳуқуқи бекор кардани қарори комиссияи озмуниро дорад. Дар ин сурат озмун такроран гузаронида мешавад. Аъзои комиссия ва шахсоне, ки сабабгори ин ҳолат шудаанд муҷозот мешаванд.
  5. Ҷаласаи комиссияи озмунӣ он гоҳ салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки аз нисф зиёди аъзои он иштирок дошта бошад. Аз натиҷаи ҷаласа протокол тартиб дода мешавад.
  6. Ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ гардида, оид ба ин дар ҳафтаномаи соҳавӣ “Нақлиёт” ва сомонаи расмии Вазорат маълумот нашр карда мешавад. 

Низомномаи озмуни «Беҳтарин ҳамкорӣ»

  1. Озмуни «Беҳтарин ҳамкорӣ» бо мақсади дарёфт ва ҳавасмандгардонии муассисаҳое, ки ҳамкории мутақобилан судмандро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (МИҲД)-и вилоят, шаҳр ва ноҳия дар самти таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, он миёни муассисаҳои давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳо ҳамасола гузаронида мешавад.
  2. Дар озмун муассисаҳои давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят ва минтақаҳо, инчунин муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақа ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.
  3. Барои ташкил ва гузаронидани озмун Комиссияи озмунӣ ташкил карда шуда, ҳайати он бо Фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  4. Ба ҳайати комиссия мутахассисони варзидаи соҳавӣ ҷалб карда мешаванд. Раисии комиссияро муовини вазир – сарпарасти соҳа ба уҳда дорад.
  5. Комиссияи озмунӣ фаъолияти муассисаҳои иштирокчии озмунро аз рӯи талаботи зерин таҳлил ва ҷамъбаст менамоянд:

-        банақшагирии ҷудокунии маблағ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №639 аз 2 декабри соли 2009 дар МИҲД;

-        ҷудокунии маблағҳо аз ҷониби МИҲД;

-        ҳамагуна ёрии амалии МИҲД ба МДНРА-ҳо барои таъмири роҳҳо, нигоҳдории техникаҳои роҳдорӣ ва дигар кумакҳо;

-        дастгирии бевоситаи МИҲД оид ба фаъолияти рӯзмарра (сохтмону таъмири роҳ ва иншоотҳои он, иштирок дар озмунҳо);

-        истифодаи самараноки техникаву таҷҳизоти роҳдорӣ барои дигар корҳо дар асоси шартнома ва воридшавии маблағҳо ба суратҳисоби махсус;

-        манъи истифодаи ғайримақсадноки техникаҳои роҳдорӣ;

-        манъи ҷалби кормандони муассиса ба корҳои берун аз оинномавӣ.

  1. Комиссияи озмунӣ пас аз таҳлил ва баҳогузорӣ бо қарори худ «Беҳтарин ҳамкорӣ»-ро муайян менамояд.