• Tajik
  • Русский
  • English

Комиссияи марказии интхобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои асосӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ташкил ва баргузор намудани маъракаи «Интихоби вакилони халқ -2020» ва барои боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба қонунгузории интихоботи рӯзи 23 –уми январи соли равон дар Вазорати нақлиёт вохӯрӣ бо кормандони соҳаи нақлиёт гардид.

Дар мулоқот узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар, коршиносони комиссияи мазкур Аваз Назаров ва Некрӯз Қодиров иштирок доштанд.

Хидирзода Махфират дар ин ҷаласа оид ба гузаронидани интихобот маълумоти пурра дода, тарзу усули гузаронидани онро ба иштрокдорон шарҳ дод.

Г. Ватаншо.