• Tajik
  • Русский
  • English

Имруз дар вазорат вобаста ба 24 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлис ба ҳайси меҳмон собиқ вазирони нақлиёт ва намояндагон аз мақомотҳои иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. Нахуст суханронии вазир Шералӣ Ганҷалзода ба маҷлис ҳусни оғоз бахшид, баъдан суханони меҳмонон шунида шуд. Дар маҷлиси тантанавӣ кормандони собиқадори соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ барои меҳнатҳои бисёрсола ва хизматҳои шоён бо ифтихорномаҳо қадрдони карда шуданд.