• Tajik
  • Русский
  • English

Лоиҳаи “Таҷдид роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода - сарҳади  Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе

Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ҷиҳати интихоби ташкилоти ҷамъиятӣ оид ба таҳия ва гузаронидани омӯзишҳо барои барқарорсозии манбаи рӯзгузаронӣ озмун эълон менамояд. 

Ҳадаф ва вазифаҳои омӯзишҳо барои барқарорсозии манбаи рӯзгузаронӣ таҳия намудани ду  бастаи омӯзишии мақсаднок барои хоҷагиҳои таъсирдида ва дастрас намудани бастаҳои омӯзишӣ ба муассисаҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил ва таъсис дода шудаанд, мебошад. Омӯзишҳо барои ҳамаи хоҷагиҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ таъсирдида дар доираи Нақшаи амалиёт оид ба кӯчонидан дастрас мешаванд (тибқи тавсияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо), ҳамзамон барои ба даст овардани муваффақият, тарзи дигари дастгирӣ ё баланд бардоштани сатҳи зиндагии иштирокчиён бояд мониторинг ва баҳодиҳӣ гузаронида шаванд.

Ба ташкилотҳои ҷамъиятии манфиатдор Супоришҳои техникӣ барои омода намудани пешниҳодҳо дастрас карда мешаванд. Санаи ниҳоии пешниҳоди дархост 30 сентябри соли 2020 мебошад.

Барои дастрас намудани Супоришҳои техникӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:

Ба Арабзода Нуралӣ,

Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо

4-ум ошёна, утоқи 407

Кӯчаи Айнӣ-14

734042, ш. Душанбе

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел.+992 222 20 73-76

Email: piurr@bk.ru