• Tajik
  • Русский
  • English

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марҳалаи дуюми Лоиҳаи рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ  - Вилояти Суғд (РАОМ-2)

 

Грант № D030-TJ

 

Номгӯи шартнома: Хариди таъминоти барномавӣ ва таҷҳизоти иловагӣ оид ба таъмини фаъолияти пурраи система барои ҳисоб кардани шиддатнокии ҳаракат

 

Рақами мушаххас: CARs/NCB-G-07

 

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағ барои саҳмгузории лоиҳаи: Марҳалаи дуюми Лоиҳаи рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ  - Вилояти Суғд (РАОМ-2) гирифтааст ва мақсад дорад қисми ин маблағҳоро барои пардохти шартномаи: Хариди таъминоти барномавӣ ва таҷҳизоти иловагӣ оид ба таъмини фаъолияти пурраи система барои ҳисоб кардани шиддатнокии ҳаракат сарфа намояд.

2. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни тендерӣ ва пешниҳоди дархостҳои мӯҳршуда  аз ҷониби довталабони салоҳиятдор  барои хариди таъминоти барномавӣ ва таҷҳизоти иловагӣ оид ба таъмини фаъолияти пурраи система барои ҳисоб кардани шиддатнокии ҳаракат даъват менамояд.

3. Озмуни тендерӣ тибқи тартиби тендерҳои миллӣ мувофиқи Дастурамали Бонки Умумиҷаҳонӣ гузаронида мешавад: Дастурамал оид ба хариди мол, кор ва хизматҳои ғайримашваратӣ аз ҷониби Қарзгирандагони Бонки Умумиҷаҳонӣ бо қарзи БУТР ва қарз ва гранти АБР  (“Дастурамал оид ба харид”, моҳи январи соли 2011. Ва бо тағйироти ворид намуда дар моҳи июли соли 2014), ва барои ҳамаи иштирокчиёни озмун мутобиқи он чизе, ки дар Дастурамали харид муқаррар шудааст, кушода мебошанд. Лутфан ба бандҳои 1.6 ва 1.7, ки сиёсати Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба ихтилофи манфиатҳоро муқаррар мекунанд, нигаред.

 4. Довталабони салоҳиятдори ҳавасманд метавонанд маълумоти иловагиро аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гиранд ва ҳуҷҷатҳои тендериро дар вақти корӣ аз 09:00 то 17:00 бо суроғаи: к. Айни 143-ошёна, утоқи № 310 биноӣ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзанд

5. Довталабони салоҳиятдори ҳавасманд метавонанд маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳои тендериро бо забони русӣ дар шакли PDF ҳангоми пешниҳоди дархости хаттӣ бо нишонии к. Айнӣ 14 3-ошёна, утоқи № 310 биноӣ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, e-mail: mtrt-invest.dep@mail.ru ба даст биёранд.

6. Пешниҳодҳо бояд то 5 марти соли 2020 соати 10:00 вақти маҳаллӣ ё қаблан ба суроғаи дар поён овардашуда ирсол карда шаванд.. Озмуни электронӣ манъ аст. Дархостҳои дер пешнмҳод шуда қабул карда намешаванд. Пешниҳодҳои тендерӣ дар ҳузури намояндагони интихобшудаи довталабон ва ҳамаи хоҳишмандон дар суроғаи дар поён зикршуда кушода мешаванд.         

7. Пешниҳодҳои тендерӣ бояд бо пардохти “Гарави дархости тендерӣ” ба маблағи 39,000.00 сомонӣ ё пули ҳамарзиши он бо асъори мубодилашаванда ҳамроҳ карда шаванд.          

8. Дархостҳои тендерӣ дар лифофа бо мӯҳр бояд ба суроғаи зерин ирсол карда шаванд:

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯча:                           Шотемур 27

Қуттии тендерӣ:      № 2 (сешанбе)

       Шаҳр:                         Душанбе

       Рамзи индекси:         734025        

       Мамлакат:                 Ҷумҳурии Тоҷикистон        

       Тел/Факс:                   (+992 37) 2211573, 2218384

       Сана:                           5 марти соли2020.                     

       Вақт:                            10:00 (вақти Душанбе)

 9. Пешниҳодҳо дар ҳузури намояндагони таъиншуда ва ҳамаи хоҳишмандон, ки хоҳиши ҳузӯр доранд дар суроғаи зерин кушода мешаванд:  

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

       Кӯча:                           Шотемур 27

       Утоқ:                           утоқи №9

       Шаҳр:                         Душанбе

       Рамзи индекси:          734025       

       Мамлакат:                 Ҷумҳурии Тоҷикистон        

       Тел/Факс:                   (+992 37) 2211573, 2218384

        Сана:                           5 марти соли 2020.                     

        Вақт:                            10:00 (вақти Душанбе)