• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумотнома

оид ба сохтмон, таҷдид ва таъмири иншоот ва роҳҳои автомобилгард дар даврони истиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

         Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз соли 1992 то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2830,18 км роҳҳои автомобилгард, 5 нақби автомобилгузар ва               405 пули мошингузар бо дарозии умумии 14218,5 метр дар умум сохтмон, азнавсозӣ ва таҷдид шудаанд, аз ҷумла:

- 2177,6 км аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ, тавассути Вазорати нақлиёт;

- 213,4 км аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ барои сохтмони асосӣ ҷудогардида, тавассути Вазорати нақлиёт;

- 137,85  км тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла: шаҳрҳои Душанбе 8 км,                   Хоруғ 1,9 км, Бохтар 14,7 км, Кӯлоб 17,2 км, ноҳияҳои Файзобод 3,3 км, Рудакӣ 5,06 км, Ашт 13 км, Мастчоҳ 3,5 км,  Роштқалъа 2,2 км, Рӯшон 3,89 км, Ишкошим 2 км, Ванҷ 4 км, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 5,1 км, Муминобод               1,4 км, Панҷ 2,3 км, Қумсангир 3 км, Н.Хусрав 2,5 км, Шаҳритус 2,75 км, Қубодиён 2,66 км,  Хуросон 3,04 км, Ш.Шоҳин 1,815 км,  Муминобод 1,16 км,  Ховалинг 3,877 км, Темурмалик 6 км, Лахш 2,5 км, Сангвор 4 км ва Деваштич 17 км;

- 27,46 км роҳҳои автомобилгард ва 47 пул бо дарозии 2859 метр аз ҳисоби кумаки ташкилотҳои хориҷӣ;

- 9,91 км роҳҳои автомобилгард ва 19 пул бо дарозии 435 метр аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ;

- 263,8 км роҳҳои автомобилгард, инчунин 125,5 км пиёдароҳҳо аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Аз 2830,18 км роҳҳои автомобилгарди дар боло зикршуда 1187,94 км сохтмон, 1176,26 азнавсозӣ ва 1466 км таҷдид шудааст. Аз ин роҳҳо 1503,96 км роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 304,94 км роҳҳои дохили шаҳрӣ ва 1021,28 км роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.

Ҳамчунин, аз тарафи ширкатҳою соҳибкорони ватанӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмири болопуш, ҷорӣ ва шағалпушкунии 5454,6 км роҳҳо, таъмиру барқарорсозии 220 пул бо дарозии 3295 метр ва 23 қубур бо дарозии 120 метр иҷро карда шудааст.

 

Инчунин, дар ин давра 3,4 км галереяҳои зиддитармавӣ дар ҳамшафатии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанақ ва 218,95 км хати роҳи оҳан, 3 нақби қаторагузар бо дарозии 3643 метр ва 5 пули қаторагузар бо дарозии 581,68 метр сохта ба истифода дода шудааст.

 

 

 

Маълумотнома

оид ба бунёди роҳи оҳан дар замони истиқлолият

дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Роҳҳои оҳани дар тавозуни КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”)

 

№ р/т

Номгӯи хати роҳ, фосила ва истгоҳҳо

Дарозӣ (км)

1.

Хатлон (Қӯрғонтеппа) – Кӯлоб

132,0

2.

Роҳҳои истгоҳҳии истгоҳҳои Сангтӯда, Данғара, Олимтой, Қурбоншаҳид, Кӯлоб

13,5

3.

Саргазон-Данғара

10,0

4.

Барқароркунии фосилаи Вахш - Ёвон

11,5

5.

Истгоҳи Истиқлол

6,32

6.

Роҳи оҳани Душанбе – Хатлон (Қӯрғонтеппа), қитъаи Ваҳдат – Ёвон

40,7

7.

Истгоҳи Бостон

2,755

8.

Истгоҳи Баҳор

2,179

Ҳамагӣ:

218,95

 

Эзоҳ: дар доираи бунёди роҳи оҳани Душанбе – Хатлон (Қӯрғонтеппа), қитъаи Ваҳдат-Ёвон 3 нақби қаторагузар бо дарозии 3643 метр ва 5 пул бо дарозии 581,68 метр сохта мавриди истифода қарор гирифт.