• Tajik
  • Русский
  • English

ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ТАВАҶҶӮҲ

(ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАШВАРАТӢ - ИНТИХОБИ ШИРКАТҲО)

 

КИШВАР: ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

НОМИ ЛОИҲА: ЛОИҲАИ РОҲИ АВТОМОБИЛКАРДИ ОБИГАРМ НУРОБОД ПУЛИ ДАРОЗ

 

Қарз №./Грант №.: МКМ

 

Унвонитаъинот: Хидматрасонии машваратӣ оид ба асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ

 

Тавсияномаи №.: AIIB/SF/ONRdPLB/CS-01

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузорӣ аз Бонки Осиеии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (БОСИ) аз ҳисоби Лоиҳаи роҳи ОбигармНурободмаблағҷудогардидааст ва як қисми маблағ барои хизматрасонии машваратӣ истифода бурда мешавад.

 

Хизматрасонии машваратӣ  (“Хизматрасонӣ”) дар бар мегиранд, аммо бо онҳо маҳдуд намешавад:

 

  • Ҳадафи Машваратчӣ омода кардани ҳуҷҷатҳои муфассали лоиҳакашӣ ва тендерӣ барои пулҳои дароз ва равишҳои он барои маблағгузорӣ ва татбиқ.
  • Ба ҳаҷми корҳо омодасозии асосноккунии техникӣ ва иқтисодии лоиҳакашии консепсияи пул, тавсияҳои консепсияи афзалиятдор дар асоси арзиши пул (VfM) ва хароҷотҳои ҷараёни ҳаёт, лоиҳакашии муфассали Консепсияи афзалиятнок, ҳамоҳангсозӣ бо арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерӣ барои сохтмони пули дароз. Мушовир инчунин ҷараёни    тендерро мусоидат хоҳад кард.
  • Кори машваратӣ ба ду (2) марҳила тақсим карда мешавад. Дар Марҳилаи 1 амалишавии мафҳумҳои алтернативӣ ё алтернативаҳои пул анҷом дода мешавад. Машваратчӣ метавонад ба Марҳилаи 2 идомаи лоиҳакашии пешакӣ/муфассал танҳо пас аз гирифтани розигии ВН ва БОСИ ва мувофиқа кардан ба варианти пешниҳодшуда, ки дар ҳисоботи техникӣ-иқтисодӣ оварда шудааст, шурӯъ намояд.
  • Супориш дар тӯли дувоздаҳ (12) моҳ аз рӯзи оғозёбӣ иҷро мешавад ва то 1 январи соли 2021 анҷом хоҳад ёфт. Супориш аз чониби ширкати машваратӣ иҷро татбиқ карда мешавад. Тахмин меравад, ки тақрибан 65 нафар-моҳ саҳми мушовирони байналмилалӣ ва тақрибан 80 нафар-моҳ аз ҷониби мушовирони миллӣ талаб карда мешавад.

 

Супориши техникии муфассалро (СТ) барои таъинот метавон ба суроғаи дар поён овардашуда дастрас карда метавонед.

 

Вазорати нақлиёт/Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ширкатҳои машваратро "Машваратчиҳо" бинобар изҳори таваҷҷӯҳ (ИТ) оид ба пешниҳоди дархот барои хизматрасонии машваратӣ таклиф менамояд. Ширкатҳо мувофики талабот бояд маълумоти тасдиқкунанда оиди собиқаи корӣ ва таҷрибаи дахлдор барои иҷрои Хизматрасонӣ пешниҳод намоянд.

Меъёрҳои ворид кардани ҳавасмандон ба рӯйхати мухтасар чунинанд:

 

  • Таҷрибаи бой (бефосила)-и ширкат дар лоиҳакашӣ ва хариди лоиҳаҳое, ки хусусият ва мураккабии якхела (ё беҳтар) дар Осиёи Марказӣ ва/ё кишварҳои дигари ҳуқуқӣ доранд, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузорӣ карда шудаанд.
  • Ҳадди аққал 2 таинотҳои ба ҳам монандро (лоиҳакашии муфассали пулҳои калон бо дарозии 700-800 метр), ки ҳачми корҳоро дар давоми 5 соли охир ба итмом расонидаанд. Ширкатҳои машваратӣ бояд маълумотҳои тасдиқкунанда  оиди фаолияти асосии ширкат ва таҷрибаи кории солона, таҷрибаи дахлдор, манбаъ(ҳо)-и маблағгузорӣ, маблағи шартнома, қобилияти техникӣ ва идоравии ширкатро пешниҳод намояд. Дар  марҳилаи интихоби ширкат мутахассисони асосӣ баҳо дода намешаванд.

 

Таваҷҷӯҳи Машваратчиёни ҳавасманд ба Қисми II, банди 4.4 ва банди 4.9 "Дастурамал оид ба хариди гирандагон" аз 2 июни соли 2016, сиёсати БОСИ оид ба ихтилофи манфиатҳо ва мутобиқатро равона мекунад. 

 

Машваратчиён метавонанд барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси худ бо ширкатҳои дигар шарикӣ кунанд, аммо бояд ба таври возеҳ нишон диҳанд, ки оё ассотсиатсия дар шакли корхонаи муштарак ва/ё машваратӣ қарор дорад. Дар мавриди корхонаи муштарак, ҳамаи шарикони корхонаи муштарак барои тамоми шартнома, агар интихоб карда шаванд, масъулият доранд.

 

Машваратчӣ тибқи усули интихоб аз рӯи сифат ва арзиш (QCBS), ки дар Дастурамали харид барои гирандагон муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.

 

Маълумоти иловагиро метавонед аз суроғаи зерин дар давоми соатҳои корӣ дастрас намоед: аз 08:00 то 17:00 (вақти Тоҷикистон).

 

Изҳори ҳавасмандӣ бояд ба шакли хаттӣ ба суроғаи дар поён тавассути почта ё почтаи электронӣ то 7 феврали соли 2020 равона карда шавад.

 

   Ба: Муҳтарам Н.Арабзода, Директори иҷроия

         Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо

         Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

         К. Айнӣ 14, 4 ошёна, Ҳуҷраи 407

         Душанбе, 734042, Тоҷикистон

         Телефон: +(992 37) 222 20 73

         E-mail: piurr@bk.ru; info@piu.tj