• Tajik
  • Русский
  • English

   

 

БОБОЗОДА РАҲИМ

   

  Рӯзҳои кабул

 

Бобозода Раҳим Бозор

Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ. Ихтисосаш муҳандис – сохтмончӣ.

Собиқаи корӣ: Корманди совхози боғутокпарварии Себистони н. Данғара, Ширкати «Кӯлобдеҳсохтмон»-и Ш. Кӯлоб, Отряди сохтмонии «Дружба»-и ш. Хуҷанд, Ширкати «Хоҷагии оби Данғара», роҳбари гуруҳ дар Дирексияи сохтмони совхозҳо ва хоҷагии обҳои н. Данғара, корманди Ширкати «Тоҷиктранспроект», сардори шуъбаи истеҳсолии Дирексияи сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, баъдан сармуҳандиси ҳамин Дирексия, роҳбари гуруҳи назорати техникии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сармуҳандиси ҶДММ «Наврӯз»-и н. Данғара, муҳандиси Раёсати назорати техникии ҶСК «НБО Роғун», мутахассиси пешбари шуъбаи техникӣ ва истеҳсолии ҶСК «СТС Иншоот»-и ш. Душанбе, сардори ҶСК «Строй - Комплекс»-и ш. Душанбе, иҷрокунандаи вазифаи сармуҳандиси КВД «Сохтмони манзили дастрас»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе, муҳандиси дараҷаи 1-и шуъбаи истеҳсолии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ, сардори ҳамин шуъба, сармуҳандиси Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи назорати техникӣ дар минтақаи вилояти Хатлони МД «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон № 322 аз 8 июни соли 2020 Бобозода Раҳим Бозор муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.