• Tajik
  • Русский
  • English

 

 

СИРОҶЗОДА ШУҶОАТ ХАЙРУЛЛО

 

     Рӯзҳои кабул

 

         

Сироҷзода  Шуҷоат Хайрулло

Хатмкардаи Техникуми политехникии ш. Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ. Ихтисосаш техник – механик, муҳандис – механик.

Собиқаи корӣ: механик, контролёри АТП № 3 ш. Душанбе, муҳандиси калони шуъбаи техникии АТП, муҳандиси Вазорати мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода, муҳандиси лоиҳаи таҷдиди сектори иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд дар ш. Душанбе, муҳандиси лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии ҳамин бонк дар ш. Душанбе, муҳандиси нақби «Шаҳристон»-и лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Душанбе - Чаноқ», муҳандиси бехатарӣ ва кӯчонидани лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ – Ховалинги Маркази татбиқи лоиҳа ва таҷдиди роҳҳо, директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи «Шоҳон - Зиғар».

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 323 аз 8 июни соли 2020 Сироҷзода Шуҷоат Хайрулло муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.