• Tajik
  • Русский
  • English

3 февраля этого года в министерстве, состоится пресс-конференция по итогам деятельности предприятий и учреждений транспортного комплекса в 2015 году и задачах на текущий год.

 

Соли 2015 корхонаю муассисаҳои нақлиётии кишвар, фаъолияти худро дар партави сиёсати ояндабинона ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидояту сарпарастии ғамхоронаю ҳамарӯзаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодӣ - иҷтимоии мамлакат яъне раҳоӣ аз бунбасти камуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он самараовар анҷом додаанд ва дар таъмини равобити боэътимод ва пайвастаи нақлиётӣ ба як қатор муваффақияту дастовардҳо ноил гардиданд.

Таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе - Турсунзода, Айнӣ -Панҷакент ва сохтмони пул аз болои дарёи Ванҷоб дар километри          456 - уми роҳи автомобилгардии байналмилалии  Душанбе - Кӯлоб - Хорӯғ - Мурғоб - ағбаи Қулма сарҳади Ҷумҳурии мардумии Чин, ки аҳамияти муҳиму стратегии нақлиётӣ доранд, соли ҳисоботӣ амалӣ гардиданд.

Таъмини робитаи боэътимоди нақлиётӣ омили муҳими рушди кишвар дар марҳилаи ҷаҳонишавии босуръати иқтисодиёт маҳсуб ёфта, он ба истифодаи самаранок ва риояи мақсадноки талаботи Конвенсия ва созишномаҳои байналмилалию минтақавӣ поягузор мебошад.

Аз ин рӯ барои таҳкимбахшии робитаҳои байналмилалӣ                 72 маротиб вохӯрии роҳбарият ва коршиносони Вазорат бо намояндагии ширкату созмонҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ ва 4 адад чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ доир ба мавзуҳои мухталифи вобаста ба рушди соҳа баргузор гардид. Дар натиҷаи музокироти судманд 5 санади муҳими байналмилалӣ, ба имзо расиданд.

Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ марҳилаи муҳим мебошад.

Соли 2015 дар соҳа 15 лоиҳаҳои гуногунҳаҷм бо маблағи умумилоиҳавии 632,1 миллион доллари амрикоӣ мариди татбиқшавӣ қарор доштанд.

Корҳои татбиқнамоӣ дар 4 иншоот, ба маблағи умумилоиҳавии 250,4 миллион доллари амрикоӣ анҷом дода шуд. Татбиқнамоии ин лоиҳаҳо имконият фароҳам овард, ки иловатан 187,0 км роҳ бо 42 адад пул ҷавобгӯ ба талаботи замон навсозӣ шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Соли сипаригардида раванди корҳои омодасозӣ дар лоиҳаҳои таҷдиди роҳи автомобилгардии Хуҷанд - Исфара дар доираи барномаи Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ ва таҷдиди роҳ аз муҷасамаи Абуали ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе анҷом дода шуда, оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар семоҳаи аввали соли равон дар назар аст. Дар лоиҳаи таҷдиди роҳи Қалъаихумб - Ванҷ корҳои татқиқотӣ геологӣ барои таҳияи омодасозии лоиҳа анҷом дода шудаанд.

         Соли ҳисоботӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои татбиқи иҷроиши корҳои иловагӣ дар нақби “Истиқлол”, аз ҷумла бетонгирии 5 км фарш ва маҳкам намудани обравиро дар муҳлати банақшагирифташуда, иҷро гардид. Бо ин мақсад ҳатто реҷаи муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи нақб ва ағбаи Анзоб роҳандозӣ карда шуд.

Бунёду таҷдиди иншоотҳои комплекси нақлиётӣ бо истифодаи сармоягузории дохилӣ низ сол аз сол вусъати тоза мегирад.

Дар соли 2015, бо истифодаи 24,7 миллион сомонӣ маблағи аз буҷаи ҷумҳуриявӣ барои сохтмони асосӣ ҷудогардида дар 29 иншоот корҳои бунёдию барқарорсозӣ бурда шуда, 6 иншоот бо маблағи умумилоиҳавии 29,1 миллион сомонӣ, аз ҷумла бунёди пул аз болои дарёи Ванҷоб дар километри 456-уми роҳи автомобилгардии Душанбе - Кулма барои истифодабарӣ супорида шудаанд. Бо маблағгузории аз буҷаи ҷумҳуриявӣ бунёду барқарорсозии 5 адад пул бо дарозии умумии 241 метр анҷом дода шуд.

Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои иҷрошудаи барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон                        5,1 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Вобаста ба бартрафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ бояд қайд намуд, ки идораю муассисаҳои нақлиётӣ, хусусан муассисаҳои нигоҳдорӣ  роҳҳо вазифаю супоришоти аз ҷониби Ситодҳои фаврии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои зарардида таъсисшударо бо тадбирҷуии зарурӣ дар муҳлатҳои супоришотӣ анҷом додаанд. Маҳз иштироки бевоситаи роҳбарият дар корҳои бартарафкунии оқибатҳои табиӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти техникаю таҷҳизоти сафарбаршуда имконият дод, ки иҷрои корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои зери назорати қатъӣ гирифта шавад ва алоқаи нақлиётӣ дар ин мавзеҳо барқарор гардад.

Нигоҳдорӣ ва таъмири 14140 км роҳҳои истифодаи умуми дар мувозинаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои минтақаю ноҳия буда, соли 2015-ум бо истифодабарии 60,9 миллион сомонӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ва 9,6 миллион сомонӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷудогардида, таъмин карда шуд. Нишондиҳандаҳои маблағҷудокунии буҷавӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ба нишондиҳандаи соли 2014-ум баробар буда аз буҷаи мақомоти маҳалӣ бошад 800,0 ҳазор сомонӣ зиёдтар ҷудо гардид.

Бо истифодаи маблағҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳалӣ ҷудогардида, таъмири ҷории 8,2 ҳазор км роҳ, 94 пул бо дарозии          2002 метр ва 146 лӯлаи обгузар бо дарозии 1214 метр гузаронида шуда, 252 км роҳҳо ва 6 пул бо дарозии 159 метр таъмиру барқарор гардиданд.

         Дар асоси маълумоти бадастовардашуда, аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар ин давра 72 км роҳ таъмир ва           1558,0 км роҳҳои маҳаллии байни деҳаҳо шағалпӯшу таъмири ҷорӣ гардиданд, инчунин 12 адад пул бо дарозии 379 метр таъмиру барқарор гардиданд. Бояд зикр намуд, ки роҳҳо ва иншооти аз ҷониби соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигӣ ободкардашуда, роҳҳои истифодаи умум набуда, аксаран дар мувозинаи Ҷамоатҳои деҳот қарор доранд.

Солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мустаҳкамсозии базаи техникии муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо диққати махсус дода шуда, аз тариқи истифодаи сармоягузории хориҷӣ ва инчунин бевосита аз буҷаи ҷумҳуриявӣ хариду дастраснамоии техникаю таҷҳизоти зарурии роҳнигоҳдорӣ амалӣ мегарданд. Дар солҳои охир 303 адад техникаю таҷҳизот дастрас гардид. Танҳо соли равон барои бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар ВМКБ ба муассисаҳои ин вилоят 13 адад техникаю таҷҳизот бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид, ки дар шароити имрӯза кумаки беназир ба соҳа мебошад.

Вобаста ба рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард мавқеи нақлиёти автомобилӣ дар таъмини робитаҳои нақлиётии беруна ва дохилӣ пайваста зиёд мегардад. Тибқи маълумоти омори расмӣ дар ҷумҳурӣ бо истифодаи ҳамаи намуди нақлиёт соли ҳисоботӣ              75 миллиону 988 ҳазор тонна бор ҳамлу нақл гардид ва ба                 568 милиону 988 ҳазор мусофир хизмат расонида шуд, ки мутаносибан нисбат ба соли 2014-ум боркашонӣ 2,9% ва мусофирбарӣ 2,1% зиёд мебошад. Ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ дар ҳаҷми умумми боркашонӣ 91,9 % ва мусофирбарӣ 98,0% -ро ташкил медиҳад.

Рушди нишондиҳандаҳои ҳамлу нақл дар корхонаю муассисаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умуми бо Вазорат шартномаи ҳамкорӣ дошта дар соли ҳисоботӣ нисбат ба соли 2014-ум мутаносибан боркашонӣ 8,7% ва мусофирбарӣ 11,0%-ро ташкил медиҳанд. Интиқоли байналмилалии бор 11,5% коҳиш ёфта,              1,1 миллион тоннаро ташкил дод.

Хизматрасонӣ ба мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ низ тамоюли рушди пайваста дорад. Ҳиссаи минтақаҳои кишвар дар хизматрасонӣ ба мусофирон соли ҳисоботӣ низ бе тағйир монда, ба муассисаҳои вилояти Суғд 67,0%, вилояти Хатлон 21,2% ноҳияҳои тобеи марказ 8,3% ва ВМКБ 2,8% рост меояд.

         Тибқи маълумот соли сипаригардида 6,7 миллион тонна бор тавассути роҳи оҳан ҳамлу нақл, ки нисбат ба натиҷаҳои соли 2014-ум 10,1% кам мебошад.

          Коҳишёбии ҳамлу нақл асосан аз ҳисоби  ҳамлу нақли воридотӣ (нисбат ба соли 2014 коҳишёбӣ 6,9%) ва гузариши транзитӣ (нисбат ба соли 2014 коҳишёбӣ 31,9%) ба амал омадаст. Гарчанде нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли содиротӣ (афзоиш 27,5%) ва дохилӣ (афзоиш 1,8 маротиб) зиёд шуда бошанд ҳам ҷиҳати зиёд будани ҳиссаи интиқоли транзитӣ (19,3%) ва воридотӣ (67,6%) дар сохтори умумии ҳамлу нақл ба натиҷаҳои ниҳоии роҳи оҳан ин нишондиҳанда таъсири мусбӣ нарасониданд.

         Нишондиҳандаҳои мусофирбарӣ низ тамоюли коҳишёбиро гирифта дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014-ум 5,0% кам гардид. Ҳамин тариқ тавассути роҳи оҳан ба 426,8 ҳазор мусофир хизмат расонида шуд, ки 22,5 ҳазор мусофири  нисбат ба соли 2014-ум камтар мебошад.

          Коҳишёбии нишондиҳандаҳои хизматрасонӣ ба мусофирон пеш аз ҳама ба вазъи иқтисодии Федератсияи Россия ва камшавии муҳоҷирати меҳнатӣ вобаста мебошад. Хизматрасонии воридотии байналмилалӣ 19,2% ва содиротӣ 33,8% кам гардиданд. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2014-ум 19,8 ҳазор тонна зиёд гардида ба 187,7 ҳазор тонна расонида шуд. Зиёдшавӣ асосан аз ҳисоби афзоиши содироти  пиёз, сабзавотҳои дигар ва меваи хушк таъмин гардидаанд.

          Нишондиҳандаҳои нақшавии рушди корхонаҳои саноатӣ таъмин гардида истеҳсоли шпалҳо 32,8% ва иҷрои корҳои таъмирӣ           24,9% афзоиш ёфтанд.

          Дар давоми сол корҳои сохтмонӣ ба маблағи 105,9 млн. сомонӣ аз ҷумла, дар лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон, ба маблағи 104,2 млн. сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014-ум 37 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

          Нишондиҳандаҳои хизматрасонӣ дар ширкатҳои ҳавоии ватанӣ ба мусофирон зери таъсири буҳрони иқтисодӣ ва бо ин сабаб коҳишёбии муҳоҷирати меҳнатӣ соли 2015-ум тамоюли пастравиро гирифт. Нишондиҳандаҳои ҶДММ “Сомон Эйр” 16,1% ва ҶСК “Тоҷик Эйр” 17,1% кам гардидаанд. Дар маҷмуъ ба 307,8 ҳазор мусофир нисбат ба соли 2014-ум камтар хизмат расонида шуд. Ҳамлу нақли бор, бағоч ва почта 21,7% коҳиш ёфта, ҳамагӣ 2111,0 тонаро ташкил додаанд.

Нишондиҳандаҳои хизматрасонӣ ба мусофирон ва ҳамлу нақли бору бағоч дар фурудгоҳи байналмилалии кишвар низ коҳиш ёфтаанд. Мутаносибан хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурудгоҳи Душанбе 18,2%, Хуҷанд 19,0%, Қӯрғонтеппа 51,0% ва Кӯлоб 14,9% ва дар маҷмуъ 19,7 % кам гардид. Қабулу гусели бору бағоч низ 25,0% коҳиш ёфта, соли 2015-ум ҳамагӣ 3870,0 тонна бор ҳамлу нақл шуд.

         Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт барои амалӣ намудани фаъолият дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ соли ҳисоботӣ 9263 адад иҷозатнома додааст. Айни ҳол, 18281 адади чунин иҷозатномаҳо дар амал мебошанд, ки нисбат ба теъдоди иҷозатномаҳои дар соли 2014-ум амалкунанда 5819 адад зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки зиёд гардидани  теъдоди иҷозатнома барои фаъолият дар бозори хизматрасонӣ ин шаҳодати таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

         Дар давоми сол сипаришуда барои вайрон кардани шарту талаботҳои иҷозатнома 47082 ададпротоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷумла, нисбат ба роҳбарони                   67 муасиссаи соҳаҳои нақлиётӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти судӣ ирсол гардидаанд, ки нисбати соли пеш 23 адад кам мебошад.


 

 

НИШОНДИҲАНДАҲОИ  

ҲАМЛУ НАҚЛИ БОРУ МУСОФИР ТАВАССУТИ ҲАМАИ НАМУДИ НАҚЛИЁТ

ДАР СОЛИ 2015

 

НОМГӮИ МИНТАҚАҲО

ҲАҶМИ БОРКАШОНӢ

(ҳазор тонна)                                                             

ҲАҶМИ МУСОФИРБАРӢ

(ҳазор мусофир)                                                                                        

ҲАМАГӢ:

аз ҷумла:

ҲАМАГӢ:

аз ҷумла:

автомобилӣ

роҳи оҳан

ҳавоӣ

автомобилӣ

роҳи оҳан

ҳавоӣ

2014

2015

2014

2015

2014

2015

2014

2015

2014

2015

2014

2015

2014

2015

2014

   2015

1

2

3

4

5

6

7

8

9

10

11

12

13

14

15

16

17

ҲАМАГӢ ДАР ҶУМҲУРӢ:

74412,1

75987,8

67600,9

69864,7

6808,6

6121,0

2,6

2,1

542841,6

558744,9

541300,0

557533,5

449,3

426,8

1092,3

784,6

%

102,1

103,3

89,9

80,8

102,9

103,0

95,0

71,8

1.

ВИЛОЯТИ СУҒД

30890,0

31166,3

25361,6

26329,8

5528,2

4836,3

0,2

0,2

144759,2

151351,5

144400,0

151085,2

26,0

24,8

333,2

241,5

%

100,9

103,8

87,5

100,0

104,6

104,6

95,4

72,5

 

 

 

1

2

3

4

5

6

7

8

9

10

11

12

13

14

15

16

17

2.

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

18975,8

20208,6

18901,5

19975

73,3

233,2

1,0

0,7

50949,1

62506,0

50800,0

62409,5

 

 

149,1

96,5

%

106,5

105,7

318,1

70,0

122,7

122,9

 

64,7

3.

НТҶ

15162,4

15292,7

15162,4

15293

 

 

 

 

95900,0

89525,7

95900,0

89525,7

 

 

 

 

%

100,9

100,9

 

 

93,4

93,4

 

 

4.

ВМКБ

592,2

507,3

592,2

507,3

 

 

 

 

5605,0

6827,4

5600,0

6822,6

 

 

5,0

4,8

%

85,7

85,7

 

 

121,8

121,8

 

96,0

5.

Ш.ДУШАНБЕ

8791,7

8812,9

7583,2

7760,2

1207,1

1051,5

1,4

1,2

245628,3

248534,3

244600,0

247690,5

423,3

402,0

605,0

441,8

%

100,2

102,3

87,1

85,7

101,2

101,3

95,0

73,0

 

 

 

 

 

                                          

 

 

МАЪЛУМОТНОМА

ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАҶМААИ НАҚЛИЁТӢ

ДАР СОЛИ 2015

 

 

 

Н И Ш О Н Д И Ҳ А Н Д А Ҳ О

Воҳиди ченак

Соли 2014

Соли 2015

 2015 нисбат ба 2014 (%)

1

2

3

4

5

НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

1.

Ҳаҷми боркашонӣ

ҳаз. тонна

13024,1

14153,7

108,7

 

аз ҷумла: байналмилалӣ

ҳаз. тонна

1353,3

1126,4

83,2

2.

Ҳаҷми мусофирбарӣ

ҳаз. мус.

191006,8

 212469,0

111,2

 

аз ҷумла: байналмилалӣ

ҳаз. мус.

127,9

140,3

109,7

3.

Вазни хоси автомобилҳои ҶТ дар интиқоли байнамилалӣ

%

43,7

36,1

82,6

НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАН

1.

Ҳаҷми боркашонӣ

ҳаз. тонна

6808,6

6121,0

89,9

 

аз ҷумла: байналмилалӣ

ҳаз. тонна

6704,5

5930,8

88,5

2.

Ҳаҷми мусофирбарӣ

ҳаз. мус.

449,3

426,8

95,0

 

аз ҷумла: байналмилалӣ

ҳаз. мус.

87,9

65,3

74,3

3.

Теъдоди ҳаракати қатораҳо      Ҳамагӣ:

мар/ҳафта

11

11

100,0

 

аз ҷумла: байналмилалӣ

мар/ҳафта

4

4

100,0

НАҚЛИЁТИ ҲАВОӢ

1.

Ҳаҷми боркашонӣ (ширкатҳои ватанӣ)

тонна

2696,0

2111,1

78,3

2.

Ҳаҷми мусофирбарӣ (ширкатҳои ватанӣ)

ҳаз. мус.

1092,4

784,6

71,8

3.

Теъдоди интиқоли бор аз фурӯдгоҳҳо

тонна

5192,7

3870,5

74,5

4.

Теъдоди мусофирони дар фурӯдгоҳҳо хизматрасонидашуда

ҳаз. мус.

2346,1

1884,0

80,3

 

 

 

1

2

3

4

5

СОХТМОН ВА ХОҶАГИИ РОҲҲО

1.

Ҳаҷми умумии сохтмони асосӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ

ҳаз. сомонӣ

23484,9

24679,9

105,1

2.

Теъдоди иншоотҳои сохтмони асосӣ

адад н/и

21/21

29/29

100,0 

3.

 Маблағҳои барои нигоҳдории р/а ҷудогардида: Ҳамагӣ:

млн. сомонӣ

79,8

70,5

88,3

                              аз ҷумла: аз буҷаиҷумҳуриявӣ

млн. сомонӣ

71,0

60,9

85,8

аз буҷаи ҳукуматҳои маҳалӣ ба МДНРА-ҳо

 млн. сомонӣ

8,8

9,6

109,1

САНОАТ, ЛОИҲАКАШИЮ ТАДҚИҚОТӢ

1.

Корҳои таъмири асосӣ дар КТВ "Маҳрам"

ҳаз. сомонӣ

5808,2

7522,7

129,5

2.

Истеҳсоли шпал дар заводи Сарбанд:                   шумора

адад

37131

37180

100,1

 

                                                                                        маблағ

ҳаз. сомонӣ

5800,2

7701,3

132,8

3.

Корҳои лоиҳакашию тадқиқотӣ: Ҳамагӣ:

ҳаз. сомонӣ

7684,3

6405,0

83,4

4.

миқдори иншоот

адад

58

46

79,3

НАЗОРАТИЮ ТАНЗИМИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ

1.

Иҷозатномаҳои додашуда

адад

3716

9263

249,3

2.

Иҷозатномаҳои амалкунанда

адад

12462

18281

146,7

2.

Протоколҳои тартиб дода шуда

адад

46266

47082

101,8

3.

Варақаҳои назоратӣ

адад

40068

28914

72,2

4.

Сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ

адад

669

1108

165,6

5.

Хизматрасони аз баркашии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

адад

74292

104362

140,5

 МАБЛАҒГУЗОРИИ ШАХСОНИ ИМТИЁЗНОК (СУБСИДИЯҲО)

1.

нақлиёти автомобилӣ

%

24,5

34,5

10,0

2.

нақлиёти роҳи оҳан

%

32,5

23,1

- 9,4

3.

нақлиёти ҳавоӣ

%

84,8

92

7,2