19 майи соли 2021 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва Фаронса чораҳои зарурӣ хоҳанд андешид.
Ҳамзамон, ҷонибҳо роҳандозии ҳамкориҳоро дар самти рушди логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ин масъаларо дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ва ширкатҳои хусусӣ омӯзанд.