Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ХАБАРИ ХУШ! Лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Тоҷикистон сазовори Ҷоизаи тиллоии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд гардид

Санаи нашр: 05-05-2023 Просмотрено: 2391

Лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди “Рогун- Обигарм –Нуробод” сазовори Ҷоизаи тиллоии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)Gold Award” дар соҳаи рушди устувор  гардид.  Ҷоиза 5 майи соли равон аз ҷониби  Роҳбари минтақавии БАТР дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон Айтен Рустамова ба Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим супорида шуд.

 

Тақрибан чил лоиҳа ва корхонаҳо аз саросари ҷаҳон, ки дар таъмини устувории экологӣ ва иҷтимоӣ саҳми назаррас гузоштаанд, соҳиби ҷоизаҳои тилло, нуқра ва биринҷии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд шуданд. Қарор дар ин бора  ба наздикӣ  дар  идораи марказии бонк дар Лондон қабул гардид.

Лоиҳаи Тоҷикистон, ба гуфтаи Айтен Рустамова, бо дарназардошти саҳми он дар иқтисодиёт ва ҳамлу нақли аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҳамчун яке аз беҳтарин намунаҳои лоиҳаҳои логистикӣ, ки аҳамияти онҳо дар солҳои охир боло рафтааст, қадрдонӣ ва соҳиби ҷоизаи олӣ гардидааст.

Ҷоизаҳои зикршуда ҳамасола аз ҷониби БАТР барои ҷалби таваҷҷуҳ ба дастовардҳои рушди устувор бо зикри кардани лоиҳаҳо ва корхонаҳое, ки бо инноватсия, таҷрибаи пешқадам, рушди устувор ва афзоиши иқтидор фарқ мекунанд, супорида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи  автомобилгарди  "Роғун-Обигарм-Нуробод" аз ду марҳила иборат буда, дарозии умумии роҳ зиёда аз 75 километрро ташкил медиҳад. Марҳилаи аввал  беш аз 30 километрро аз қитъаи Обигарм то Тагикамар фаро мегирад. Дар айни замон мутахассисон бо истифода аз техника ва механизмҳои муосир кӯшиш мекунанд, ки иншоотро мувофиқи талаботи замон сохта, ба истифода диҳанд. Корҳои заминӣ, пармакунӣ, насби обпартои бетонӣ, деворҳои такягоҳ, насби арматура ва умуман корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ тибқи нақша идома доранд.

Дар ин қитъа, тибқи лоиҳа, сохтмони 5 пули дарозиашон 387 метр, таҷдиди як пули 93-метра, 2938 метр деворҳои муҳофизатии оҳану бетонӣ, 1986 метр деворҳои муҳофизатии сангу бетонӣ, 73 қубури дренажӣ бо  дарозии 3300 метр ба нақша гирифта шудааст. Инчунин дар ин хатсайр сохтмони ду нақб, аз ҷумла нақби Карағоч бо дарозии 1701 метр ва Кандак бо дарозии 1610 метр идома дорад.

Роҳи автомобилгард аз ду хати ҳаракат иборат аст, паҳнои стандартии роҳ 12-15 метр ва паҳлӯҳо 2,5 метрро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ роҳи автомобилгарди “Рогун - Обигарм - Нуробод” ба категорияи сеюми сохтмони роҳ мутобиқ карда мешавад.

Дар айни замон дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа 417 нафар мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ бо иштироки 110 адад техникаву   механизмҳо дар 41 нуқта кор мекунанд. Аз шумораи умумии кормандон 311 нафарро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт имкон медиҳад, ки   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ мубаддал гардад ва ба бандарҳои ҷаҳонӣ пайваст шавад. Лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи мошингарди "Роғун-Обигарм-Нуробод" аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ карда мешавад.

Сохтмон ва истифодаи роҳи  автомобилгарди "Роғун-Обигарм-Нуробод" тибқи талаботи замон барои таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мутобиқ гардонидани шароит ва андозаи геометрии роҳҳо ба меъерҳои байналмилалӣ, инчунин сарфаи вақт ва сӯзишворӣ, интиқоли молҳои  мавриди ниёзи мапрдум дар  чор фасли сол ва дар маҷмӯъ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузорад.  Ин роҳ дар қисмати шарқии Тоҷикистон ҷойгир буда, пойтахти кишварро бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш мепайвандад ва яке аз дарвозаҳои асосии пайвастшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ мебошад.