Хабарҳо

Blog

Ҳамкориҳои судманди Вазорати нақлиёт ва JICA

Санаи нашр: 12-04-2021 Просмотрено: 1890

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим рўзи 12- уми апрели соли равон  бо муовини  директори Депортаменти инфрасохтори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷопон (JICA) ҷаноби Коизуми Хироюки мулоқот доир намуд.

  Дар мулоқот ҳамчунин Сироҷзода Шуҷоат- муовини вазир,  роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби  Мунео Такасака, масъул оид ба лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт Томишиге Хироюки ва кормандони масъули Вазорат ширкат варзиданд.       

   Дар оғоз вазири нақлиёт Азим Иброҳим  аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон аз ҷумла Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷопон (JICA) марбут ба рушди  инфрасохтори нақлиётӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки дар соҳа бо истифодаи 105 миллион доллари ИМА маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷопон  то имрўз  шаш лоиҳаи бунёду азнавсозии роҳҳо ва таҳкимбахшии иқтидори техникии муасисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои автомобилгарди  Дўстӣ –Панҷи Поён (марҳилаҳои 1 ва 2), Бохтар –Дўстӣ (марҳилаҳои 1 ва 2), хариди техникаю таҷҳизот барои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлону  минтақаи Ҳисор  ва хариди техникаю таҷҳизот барои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғду минтақаи Кулоби вилояти Хатлон амалӣ гардид, ки дар натиҷа 87,3 километр роҳи автомобилгарди байнамилалии ҷавобгў ба талаботи муосир азнавсозӣ шуда, ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо 333 техника ва таҷҳизоти пуриқтидору зарурӣ дастрас  гардид.

  Азим Иброҳим  қайд намуд, ки ҳамкории судманд бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷопон (JICA) минбаъд низ густариш ёфта, айни ҳол амалӣ намудани якчанд лоиҳаи барои соҳа муҳим, рўи кор аст. Аз ҷумла лоиҳаи «тақвияти  иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии пулҳо дар Тоҷикистон», ки он аз 1- уми апрел соли равон оғоз гардид, барои рушди соҳа басо муҳим аст.

  Намояндагони Ҳукумати Ҷопон ривоҷу равнақи ҳамкориҳои судманди минбаъдаро бо Вазорати нақлиёт дар ҳамаи самтҳо аз қатори афзалиятҳои аввалиндараҷа барои солҳои минбаъда маънидод намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур низ давоми мантиқии ҳамкориҳои судманди миёни ду давлат мебошад, ки бо сифати хуб ва дар муҳлати муайянгардида анҷом хоҳад ёфт. Ҳамчунин афзуданд, ки дар татбиқи лоиҳаи мазкур бо КВД «ПЛИН» ( Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ) ҳамкорӣ хоҳанд кард.