Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Баимзорасии қарордоди сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод, қитъаи км 0 то 30+217

Санаи нашр: 12-04-2021 Просмотрено: 1731

Таърихи   12-уми апрели соли равон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори ширкати чиноии «Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited» Луи Фей қарордоди татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм - Нуробод марҳилаи якум яъне  сохтмони қитъаи Обигарм -Тагикамар аз км 0+00 то км 30+217 баимзорасонданд.

  Лозим ба ёдоварит, ки лоиҳаи мазкур аслан аз се марҳила иборат буда, марҳилаи якуми он иборат аз 30,2 км роҳи асосии Обигарм-Тагикамар аз км 0 то км 30+217 сохтмони 2 нақби дарозии 1,6 км ва 1,7км, сохтмони 5 пули нав ва таҷдиди 1 пул мебошад.

  Сарчашмаҳои маблағгузорӣ:Гранти Бонки Осиёгии Рушд – 110 млн доллари ИМА; Қарзи Фонди ОПЕК – 40 млн доллари ИМА;  Ҳиссаи Ҳукумати ҶТ– 28,1 млн. доллари ИМА;Маблағи умумӣ – 178,1 млн. доллари ИМА.

   Пас аз ба имзорасии шартнома, Вазири нақлиёт  аз ҳамкориҳои густурда дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистону Чин ёдовар шуда, ҳамчунин  изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳои судманд идома хоҳанд ёфт ва корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати мазкур бо сифати баланд ва сари вақт ба анҷом хоҳад расид.