Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Комиссияи муштарак байни кишварҳои аъзои СҲШ дар соҳаи нақлиёт

Санаи нашр: 13-05-2021 Просмотрено: 1875

12-13 майи соли 2021 тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021, бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи муштарак вобаста ба татбиқи Созишнома байни кишварҳои аъзои СҲШ оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ доир гардид.

   Дар ҷаласа, намояндагони вазоратҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсия Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври ҳузурӣ ва намояндагони Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Хитой, Қирғизистон, Покистон ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.

Инчунин, бо мақсади тақвият додани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид, бо даъват дар чорабинии мазкур намояндагони Котиботи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) иштирок доштанд.   

     Зимни ҷаласаи Комиссия, иҷроиши қарорҳои Протоколи ҷаласаи дуюм, масъалаҳои марбут ба татбиқи амалии Созишнома, ҳолат ва омодагии хатсайрҳои автомобилии байналмилалӣ, ки номгӯи онҳо бо замимаи №1-и Созишнома тасдиқ гардидааст, реҷаи кории нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни кишварҳои аъзои СҲШ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар онҳо мавриди баррассӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

      Ҳамзамон, ҷонибҳо бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои интиқолдиҳандагони бор тавассути ҳудуди кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, масъалаҳои эътирофи шаҳодатномаҳои ронандагӣ, барасмиятдарории раводид барои ронандагон, соддагардонии раванди ҳамлу нақли байналмилалӣ,  рушди долонҳои нақлиётӣ ва механизмҳои ҷорӣ дар давраи пандемияи COVID-19-ро мавриди муҳокима қарор доданд

    Дар натиҷа, бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, намояндагони кишварҳои аъзои Созмон барои ҷорӣ намудани истифодабарии варақаи Рухсатномаҳои шакли ягона дар ҳудуди кишварҳои аъзо, андешидани чораҳои зарурӣ барои рушди долонҳои нақлиётии мавҷуда ва кушодани долонҳои байналмилалии нав, соддагардонӣ ва ба таври электронӣ ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла дастрас намудани раводид барои ронандагон, коҳиш додани андозаи пардохт барои раводид ба мувофиқа расида, протоколи дахлдор  ба имзо расид.