Хабарҳо

slider_img
slider_img

Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд.

Санаи нашр: 15-05-2021 Просмотрено: 579

Рўзҳои 14 -15 майи соли равон  дар Тошканд бо иштироки  Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Сарвазири Ўзбекистон Абдулла Арипов ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид, ки ба гуруҳи корӣ вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим низ шомил буд.

  Дар ҷараёни мулоқот  ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишварро дар партави омодагӣ ба сафари дарпешистодаи Президенти Узбекистон ба Тоҷикистон  дар соли ҷорӣ муҳокима карданд.

  Дар ҷараёни музокирот имконоти эҳтимолии афзоиши минбаъдаи мубодилаи мол баррасӣ шуд. Дар ин замина, дар бораи тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи саноати маъдан ва электротехника, энергетика ва нақлиёт гуфтушунид баргузор гардид.

  Пас аз ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ протокол ба имзо расид, ки дар қатори дигар масоили мубрами ҳамкориҳо масъалаи муносибатҳои дуҷониба дар самти соҳаи нақлиёту роҳ низ дар он дарҷ гардиданд.

  Аз ҷумла  ҷонибҳо оид ба анҷом расондани расмиёти тасдиқи лоиҳаи "Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи транзити молҳои хатарнок тавассути қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон"  то  охири моҳи майи 2021,таҳияи  лоиҳаи Протокол "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон",  дар доираи ҷаласаҳои Комиссияҳои омехтаи нақлиёти автомобилии байналмилалӣ баррасӣ намудани мубодилаи шумораи иҷозатномаҳо барои интиқоли ангишт ва намак, дар ояндаи наздик кушодани хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мувофиқи талаботи карантин низ ба мувофиқ расиданд.

  Тарафҳо имкони ташкили омӯзиш барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд ва дар муассисаҳои таълимии касбии ҶСК "Узбекистон Темир Юллари" барои мутахассисони соҳаи роҳи оҳан бо дархости ҷониби Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

  Ҳамчунин мувофиқа карда шуд, ки барои рушди долони Узбекистон - Тоҷикистон - Чин ва баръакс, аз ҷумла нақлиёти мултимодалӣ дар ин масир чораандешӣ хоҳанд кард.