Хабарҳо

Blog

Иштирок дар ҷаласаи панҷуми сатҳи баланд оид ба нақлиёт, муҳити зист ва беҳдошти саломатӣ

Санаи нашр: 18-05-2021 Просмотрено: 582

 Рӯзҳои 17-18 майи соли 2021 бо ташаббуси Ҷумҳурии Австрия Машварати 5-уми сатҳи баланд оид ба нақлиёт, муҳити зист ва ҳифзи саломатӣ ба таври маҷозӣ доир гардид, ки дар он муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидмуродзода Шоиста иштирок ва суханронӣ намуд.

  Зимни Машварат, иштирокдорони чорабинӣ вобаста ба масъалаҳои беҳтар сохтани пешрафт - тағйири шаклҳои шаҳрҳо ва минтақаҳо, ҳаракат ва нақлиёт барои барқароршавӣ пас аз пандемия, таъсири иқлим барои ҳаракати сабз, бехатар ва солим, сармоягузорӣ барои ҳаракатҳои тоза, фаъол, бехатар ва солим - манфиатҳо барои шаҳрвандон, шаҳрҳо ва барқарорсозии иқтисодиёт баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуданд.

    Дар фарҷом, аз ҷониби ишитирокдорон, ки беш аз 40 кишварро ташкил менамуд, якдилона бо мақсади ташвиқи ҳаёти солим ва бехатару аз ҷиҳати экологӣ манфиатовар, Эъломияи Вена ва аввалин Нақшаи умумиаврупоии пешбурди дучархасаворӣ қабул гардид.