Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҳузури Вазири нақлиёт

Санаи нашр: 20-05-2021 Просмотрено: 140

 Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим 20-уми майи соли равон бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ бо роҳбарии Лилия Бурунчук – директори иҷроияи намояндагии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дод, ки дар он масоили муҳокимаи ҳамкориҳои Вазорати нақлиёт бо Бонки мазкур дар мавриди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳа мавриди муҳокима қарор гирифт.

  Вазири нақлиёт ба Бонки умумҷаҳонӣ барои ҳамкории доимӣ ва дастгирӣ ҷиҳати рушди бахшҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар эҳтироми амиқ ва миннатдории самимӣ изҳор дошта, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳбудии инфрасохтори нақлиётии кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд ва ба шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон ба яке аз долонҳои калидии нақлиётӣ ва транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.

  Тоҷикистон дар ҳама барномаҳои ҳамкорӣ ҳамеша оид ба рушди савдо пешниҳод намуда, ҳамчунин ҳамин гуна пешниҳодҳоро аз ҷониби дигар кишварҳо дастгирӣ ва истиқбол мекунад.

  Яке аз шарикони кишвар дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт ва савдо Бонки Умумиҷаҳонӣ мебошад. Ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ дар бахши нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 оғоз ёфта, айни замон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи 74,4 2 миллион доллари ИМА лоиҳа амалӣ карда мешавад. Саҳми Бонк дар татбиқи лоиҳаҳо 65,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

  Дар маҷмӯъ, лоиҳа барқарорсозии шаш қитъаи роҳи автомобилгарди Хуҷанд- Исфара бо дарозии 74,4 км-ро дар бар мегирад, ки соли 2018 ва бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Бонки умумиҷаҳонӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин дигар лоиҳаҳое ҳастанд, ки аз тарафи бонки мазкур бомуваффақият ба анҷом расонида мешаванд.

  Вазир ҳамчунин иброз дошт, ки ҳамкориҳои Вазорати нақлиёт бо бонки мазкур боз ҳам қавитар хоҳанд шуд.


  Намояндагони бонк дар навбати худ аз ҳамкориҳо бо Вазорати нақлиёт изҳори қаноатмандӣ намуда, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо таклифҳо пешниҳод карданд.