Хабарҳо

Blog

Озмуни «МДНРА-и беҳтарин»

Санаи нашр: 22-05-2021 Просмотрено: 143

Бо мақсади ташкили кори пурсамар  ва пешравии фаъолияти муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди кишвар тибқи дастури вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим Муассисаи давлатии «Рўзномаи «Нақлиёт» рубрикаи «МДНРА- и беҳтарин» – ро таъсис дод. 

   Дар ин рубрика оид ба фаъолияти МДНРА- ҳо, намои берунии биноҳои корӣ, тарзи ташкили ҳуҷҷатгузорӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ, истифодаи самараноки техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ, истифода аз суратҳисоби махсус, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, шароити кории кормандон ва масъалаҳои дигар гузоришу мақолаҳо чоп хоҳанд шуд. Ҳамчунин назари сокинони маҳалҳо ва коргарони оддӣ оид ба фаъолияти муассисаҳо ва  арзу шикояти шаҳрвандон аз роҳҳои дар мувозинаи МДНРА - ҳо қарордошта нашр мешаванд.

   Аз рўи чопи маводҳо дар охири сол МДНРА – и беҳтарин муайян гардида, барои қадрдонӣ  ба Вазорати нақлиёт  пешниҳод хоҳад шуд.  

   Барои пешниҳоди арзу шикоят, тавсия ва ё арзи сипос оид ба фаъолияти МДНРА – ҳо  ба ҳафтаномаи «Нақлиёт» бо   суроғаи зерин муроҷиат намоед:

    Телефон: 2222246, 2222247, 2222248.

   Почтаи электронӣ: ngazeta@list.