Бино ба пешгӯиҳои ҳавошиносон, дар Тоҷикистон дар охири август ва аввали сентябр ҳаво хушк ва гарм хоҳад буд, ки метавонад боиси тӯфонҳои ғуборолуд гардад.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандагони нақлиёти автомобилӣ тавсия медиҳад, ки дар чунин шароити ҳаво чӣ гуна рафтор кунанд.
Солҳои охир дар Тоҷикистон, мисли сойири кишварҳои Осиёи Марказӣ, бориши чангу ғубор ба таври назаррас бештар ба амал меояд. Агар дар аввали солҳои 1990-ум дар як сол ҳамагӣ 2-3 ҳолати тӯфонҳои хокӣ ба қайд гирифта шуда бошанд, пас солҳои охир ин рақам даҳҳо баробар афзудааст. Масалан, соли 2025 қариб 63 тӯфони ғуборолуд ба амал омада, дар маҷмӯъ 216 рӯз идома карданд.
Ба ақидаи олимони иқлимшинос, ин пеш аз ҳама бо тағйирёбии иқлим алоқаманд аст: ҳавои минтақа торафт гармтар мешавад, хушксолӣ тӯлонитар ва шадидтар мегардад. Борон кам шавад – қабати собзи замин низ тунук мегардад ва шамол метавонад чангу хокро ба ҳаво бардорад.
Одатан дар моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ ҳаво хушк аст ва шамол суст мевазад. Аммо дар баъзе рӯзҳо шамол шиддат мегирад (баъзан то 20-22 м/с), он гоҳ хатари хокбориш ба миён меояд. Ин ҳолат бештар дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд рух медиҳад, инчунин метавонад ба шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳатто ба ВМКБ таъсир расонад.
Тӯфонҳои чангу хоколуд на танҳо ба саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонанд, балки дар кори ронандагони нақлиёт мушкилоти ҷиддӣ ба вуҷуд меоранд, аз қабили коҳиши шадиди биниш, озурдагии чашм, суст шудани часпандагии чархҳо дар роҳ, ифлосшавии шишаҳо ва чароғҳо, гармшавӣ ва ифлосшавии системаҳои хунуккунӣ ва филтратсия, таҳрифи дарки масофа ва суръат, ба вуҷуд омадани ҷойҳои лағжиш дар роҳ пас аз намӣ ва ғайра.
Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагони нақлиёти автомобилӣ чунин муроҷиат мекунад:
– қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоед;
– суръати ҳаракатро паст ва масофаро ба мошини дар пеш буда зиёд кунед;
– чароғҳои наздикнамои рӯшноиро ҳатто дар давоми рӯз фурӯзон намоед: ин намоёнии мошини дар пеш бударо дар пасманзари чанголуд зиёд мекунад;
– агар имкон бошад шишаҳо ва асбобҳои рӯшноиро мунтазам тоза намоед;
– тирезаҳоро пӯшед ва системаи вентилятсияро ба ҳолати муҷадад (ретсеркулятсия) гузоред, то чанг ба кабина ворид нашавад;
– дар вақти тӯфони чангу ғубори шадид беҳтар аст, ки дар канори роҳ (дар ҷои бехатар, дуртар аз роҳ) таваққуф кунед ва беҳтар шудани обу ҳаворо мунтазир шавед.
P.S. Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон барои эҷоди «камарбанди сабз» ҷиҳати мубориза бо тӯфонҳои чангу ғубор тадбирҳои амалӣ меандешад. Ду сол пеш Ҳукумати ҶТ бо қарори худ таҳти №374 аз 29 июни соли 2024 Барномаи давлатии кабудизоркуниро барои давраи то соли 2040 қабул кард, ки шинонидани зиёда аз 1 миллиард бех дарахтро то соли 2040 пешбинӣ мекунад. Дар доираи татбиқи ин барнома пайваста маъракаҳои ниҳолшинонӣ таҳти шиори «Тоҷикистонро ба кишвари сабз табдил медиҳем!» доир карда мешаванд. Аллакай дар саросари мамлакат миллионҳо бех дарахт шинонда шудааст