• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.11.2016с.

Барои тайёр намудани Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ (АТИ) аз ҷониби Бонки Осиёгии Рушд (БОР) ба маблағи 1,0 млн.дол.ИМА кӯмаки техникӣ ҷудо гардидааст.

Марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 км-ро дарбар гирифта, аз ҷониби БОР маблағгузорӣ карда мешавад.

- шумораи кормандон – 27 нафар: маҳаллӣ – 23н. (85%), хориҷӣ - 4н. (15%)

Оид ба интихоби Машваратчӣ барои тайёр намудани АТИ ва лоиҳаи пешакии иншоот БОР озмун гузаронида, ширкати олмонии КОКС ғолиб гардид ва 14.03.2016с.  ба кор оғоз намуд.

Аз ҷониби БОР ба Машваратчӣ ҷиҳати то моҳи июни соли 2016 анҷом додани корҳои Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа дастур дода шуд.

24.05.2016с. дар ҳузури Вазири нақлиёт бо иштироки мутахассисони Вазорат, Марказ, КВД “ПИТ ва ЛК” ва рӯзномаи “Нақлиёт” аз ҷониби Машваратчӣ муаррифии корҳои иҷрошуда гузаронида шуда, пешниҳоди Машваратчӣ нисбати параметрҳои роҳи лоиҳавӣ муҳокима гардид.

27.06.2016с. – Миссияи навбатии БОР дар якҷоягӣ бо намояндагони Марказ ва Машваратчии лоиҳа бо рафти корҳо дар иншоот шинос шуда, 29.06.2016с. дар ҳузури Вазир муаррифии корҳои иҷрошуда гузаронида шуд.  

Айни ҳол, корҳои топографӣ, геологӣ, лоиҳакашӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ барои интихоби пудратчӣ идома доранд.

10.10.2016с. – кушодашавии дархостҳои техникӣ барои интихоби машваратчии байналмилалӣ гузаронида шуда, ҳисобот дар марҳилаи арзёбӣ қарор дорад.