• Tajik
  • Русский
  • English

                       Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.06.2019

- маблағи умумӣ: 54 млн. доллари ИМА, аз ҷумла;

• қарзи Бонки Умумиҷаҳонӣ – 38,250 млн.дол.ИМА

кӯмаки бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ – 6,750 млн.дол.ИМА

• саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9,0 млн.дол.ИМА

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ: 37,2 млн.дол.ИМА (68,9%)

- машваратчӣ:  Ширкати “Дохва Инжиниринг” (Корея)

- паймонкор:     Ширкати “Чайна Рейлвей (Вуҷу)” (Хитой)

- муҳлати иҷрои корҳо: оғоз – июн 2016,  анҷом – август 2018

- шумораи кормандон: 115 нафар: маҳаллӣ-99н.(85%), хориҷӣ-16н.(15%)

- шумораи техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ: 37 адад

- шарҳи лоиҳа: таҷдиди 67,7 км роҳ, харидории автомашинаҳо барои Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, харидории таҷҳизот барои ба таври электронӣ ҳисоб намудани шиддатнокии ҳаракат дар роҳ ва харидории таҷҳизот барои санҷиши ноҳамвории роҳ, харидории таҷҳизот барои баркашидани воситаҳои нақлиёт зимни ҳаракат, таҳия ва ҷорӣ намудани Системаи идоракунии воситаҳои роҳ.

Таҷҳизот барои ба таври электронӣ ҳисоб намудани шиддатнокии ҳаракат дар роҳ ва харидории таҷҳизот барои санҷиши ноҳамвории роҳ харидорӣ карда шуд.

Озмун ҷиҳати харидории таҷҳизот барои назорати вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат 17 июли соли 2018 эълон карда шуд ва муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 15 августи соли 2018 буд.

15 августи соли 2018 соати 14:00 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маросими кушодани дархостҳои тендерӣ оид ба харидории таҷҳизоти болозикр баргузор гардид. Аз сабаби он ки дар озмун ҳамагӣ 1 ширкат иштирок кард ва маблағи пешниҳоди ин ширкат 91,5% зиёд аз маблағи дар лоиҳа пешниҳодшуда буд, 31 августи соли 2018 озмун такроран эълон карда шуд. Санаи 1 октябри соли 2018 соати 14:00 дар бинои Кумита маросими кушодани дархостҳои озмунӣ баргузор гардид, ки дар он 2 ширкат “Бетамонт” (Словакия) ва “Роял Бизнес” (Арабистони Саудӣ) дархостҳои озмунии худро пешниҳод намуданд. Омӯзиши дархостҳо маълум намуд, ки дархости молиявии ширкати “Роял Бизнес” 366360,00 доллари ИМА-ро ташкил дода, аз буҷети лоиҳа 33640,00 доллари ИМА камтар мебошад. Пешниҳоди ширкати мазкур аз ҷониби машваратчии байналмилалӣ Я. Питерка мавриди таҳлил қарор дода шуда, бо назардошти ба талаботҳои стандартӣ ва озмунӣ ҷавобгӯй набудан, рад карда шуд.

Бояд қайд кард, ки ҳангоми бо ҳайати Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи видеоконференсия аз санаи 30 ноябри соли 2018 масъалаи баррасӣ намудани ду озмуни гузаронидашудаи номуваффақ бо сабаби норасоии буҷети пешбинишуда барои харидории таҷҳизоти ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй мувофиқа гардид, ки буҷети лоиҳа зимни ташрифи навбатии ҳайати Бонк моҳи майи соли 2019 аз нав дида баромада мешавад.

Озмун ҷиҳати харидории барномаи компютерии “Системаи идоракунии воситаҳои роҳ” 31 августи соли 2018 эълон карда шуд.

Аз сабаби он ки пешниҳоди молиявии ширкатҳо аз буҷети пешбинишудаи лоиҳа зиёд буданд, озмун такроран эълон гардид ва муҳлати ниҳоии пешниҳодҳои озмунӣ 21 декабри соли 2018 буд.

Баъд аз озмуни гузаронидашуда ва мувофиқа бо Кумита санаи 29 марти соли 2019 қарордод байни Вазорати нақлиёт ва ғолиби озмун ҶДММ “Дилошуб” ба имзо расид.

18 феврали соли 2019 шартнома байни Вазорати нақлиёт ва Мушовири инфиродии байналмилалӣ Аарон Адив (Ҷумҳурии Исроил) ҷиҳати таҳияи “Стратегияи рушди соҳаи нақлиёт то соли 2030 ва Нақшаи рушди самтҳои асосии соҳаи нақлиёт то соли 2050” ба имзо расид. Мушовир баъд аз шурӯъ кардан ба кор санаи 11 марти соли 2019 аризаи худро оид ба қатъ кардани шартнома пешниҳод намуд, ки дар натиҷа шартнома бо ӯ қатъ карда шуд. Сабаби қатъ кардани шартнома ноӯҳдабароӣ ва бемасъулиятии худи мушовир мебошад.

29 марти соли 2019 озмун ҷиҳати ба кор ҷалб намудани Мушовир/мутахассис оид ба харид эълон карда шуд. Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо санаи 19 апрели соли 2019 буд. Тибқи ҳисоботи арзёбӣ се нафар ба рӯйхати кӯтоҳ ворид карда шуданд. Ҳар се довталаб аз сабаби кам будани музди меҳнат ва пайдо кардани ҷойи кори дигар ишғоли вазифаро рад намуданд. Арзёбӣ идома дорад.                                                                                                         

Дар асоси фармоиши Вазорати нақлиёт №192 аз 27 августи соли 2018 Комиссияи корӣ ҷиҳати қабули пешакии лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара” рӯзҳои 12-13 сентябри соли 2018 гузаронида шуд. 14 сентябри соли 2018 аз ҷониби Вазорати нақлиёт, машваратчӣ ва пудратчии лоиҳа Санади қабулу супоридан ба имзо расид. Тибқи он муҳлати кафолатии корҳои сохтмонӣ 15 сентябри соли 2018 оғоз гардида, 14 сентябри соли 2019 ба анҷом мерасад.

22 октябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қитъаҳои Деҳмой-Пролетар ва Пролетар-Маданият мавриди истифода қарор дода шуданд. Бояд ёдовар шуд, ки қитъаҳои дигари лоиҳа ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дода шуда буд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Вазорати нақлиёт розигии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба таҷдид намудани 6,7 км қитъаи боқимондаи роҳи автомобилгарди Конибодом-Патар аз ҳисоби маблағҳои сарфашудаи лоиҳа дастрас шуда, бо машваратчӣ оид ба назорати корҳои сохтмонӣ ширкати “Дохва Инжиниринг Ко. Лтд.” санаи 8 январи соли 2019 ҷиҳати хизматрасонии машваратчӣ ва бо пудратчӣ Филиали ҷамъияти саҳомии “Ширкати Роҳи Оҳани Хитоии Усзюй” (Гурӯҳ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 феврали соли 2019 ҷиҳати корҳои сохтмонӣ қарордодҳо баста шуданд.

 Нақшаи иҷроиши корҳои сохтмонии қитъаи

боқимондаи роҳи автомобилгарди Конибодом-Патар

 

Номгӯи корҳо

Воҳиди ченак

Ҳаҷми

корҳо

тибқи қарордод

Иҷроиш

%

1

Корҳои омодагӣ (мобилизация)

 

 

 

100

2

Тайёр намудани лоиҳаи муфассал (роҳи асосӣ)

км

6,7

6,7

100

3

Бартараф намудани мумфарши мавҷуда

м3

6,7

5,5

82

4

Мумфарш намудани болопӯши роҳ (қабати 1)

км

6,7

0

0

5

Мумфарш намудани болопӯши роҳ (қабати 2)

км

6,7

0

0

6

Бистари роҳ (земполотно)

км

6,7

5,4

81

7

Қубурҳои обгузар

адад

32

12

38

8

Қабати болоии таҳкурсӣ

км

6,7

0

0

9

Қабати поёнии таҳкурсӣ

км

6,7

3,5

52

Сабаби кам азхуд гардидани маблағҳо нисбати нақшаи пешбинишуда, аз ҳисоби гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ бо назардошти қатъ гардидани шартнома бо мушовири инфиродии байналмилалӣ оид ба таҳияи Стратегияи соҳаи нақлиёт то соли 2030 ва Нақшаи рушди самтҳои асосии соҳаи нақлиёт то соли 2050 ва ба таъхир афтодани хариди таҷҳизот барои назорати вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат, ки аз соли 2017 то соли 2019 дар нақшаҳои молиявӣ нишон дода мешавад, мебошад. Аммо, то имрӯз бо гузаронидани якчанд озмунҳои номуваффақ бинобар сабаби кам будани буҷети лоиҳа маблағи банақшагирифташуда азхуд карда нашуд.

Инчунин, сабаби кам азхуд гардидани маблағҳо нисбати нақшаи пешбинишуда, аз ҳисоби қарзи Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқат накардани суратҳисоби пешниҳодшуда ва суратҳисоби кафолати бонкӣ барои пешпардохти паймонкор оид ба корҳои сохтмонии қитъаи роҳи автомобилгарди Конибодом-Патар (6,7 км) ба ҳисоб меравад.

Илова бар ин, сабаби кам азхуд гардидани маблағҳо нисбати нақшаи пешбинишуда, аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи дар соли 2019 барои иҷрои корҳои дар соли 2018 иҷрошуда (425 266,38 сомонӣ ва 643 784,10 дол. ИМА) аз ҷониби Сарраёсати хазинадории Марказии Вазорати молия мебошад.

Бо вуҷуди муроҷиатҳои такрории дахлдор дар соли 2018 ва 2019 ба унвони Вазорати молия масъалаи мазкур ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст.