• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.11.2016 

- маблағи умумӣ – 90 млн.доллари ИМА, аз ҷумла;

• Қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР)–35 млн.дол.ИМА (ҷудошуда)

- шарҳи лоиҳа: барқарорсозии қитъаи 4,6 км роҳ, азнавсозии чорроҳаи назди шаҳраки 82

- мӯҳлати корҳои сохтмонӣ 2,5 сол тибқи нақшаи пешакӣ 

- шумораи кормандон – 56 нафар

- шумораи техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ - 12 адад    

- 02.06.2014с. – Созишномаи грантӣ байни Вазорати нақлиёти ҶТ ва БАТР ба маблағи 1,5   млн.Евро ба имзо расид.

- 02.06.2014с. – Қарордод оид ба корҳои машваратӣ байни Вазорати нақлиёти ҶТ ва ширкати “SAI” (Ҳиндустон) ба имзо расид.  

- 14.06.2014с. – машваратчӣ оид ба тайёр намудани лоиҳаи муфассал ва ҳуҷҷатҳои озмунӣ оғоз намуд.

- то ба 01.06.2015с. аз тарафи машваратчӣ қисмати аввали лоиҳаи муфассали иншоот дар ҳаҷми чорраҳаи шаҳраки 82 (км 1,2-1,9) ба Раёсати экспертизаи давлатӣ барои ташхис пешниҳод гардида, аз ҷониби Раёсати экспертиза қобили қабул дониста шуд. Айни ҳол, қисмати боқимондаи лоиҳа ба пуррагӣ ба Раёсати экспертизаи давлатӣ барои ташхис пешниҳод гардидааст.

- 02.07.2015с. – эълони озмун барои изҳори ҳавасмандӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни пеш-аз- тахассусии интихоби паймонкори лоиҳа.

- 04.08.2015с. – кушодашавии пешниҳоди пеш-аз-тахассусии ширкатҳо.

- 18.12.2015с. - ҳисоботи арзёбӣ аз ҷониби БАТР тасдиқ гардид.

- 02.02.2016с. – ширкатҳои паймонкори тибқи расмиёти пешазтахассусӣ интихобшуда, ба озмуни асосӣ даъват шуданд.

- 18.03.2016с. – кушодашавии пешниҳоди ширкатҳо гузаронида шуда, дар он аз 13 ширкат 11 ширкат иштирок намуд. Айни ҳол, ҳисоботи арзёбии пешниҳодҳо анҷом ёфта, 28.04.2016с. ба БАТР пешниҳод карда шуд.

- 27.06.2016с. – дар ш.Пекин Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Сармоягузории Инфрасохторӣ ба маблағи 27,5 млн.дол.ИМА барои маблағгузории қисми боқимондаи иншоот ба имзо расид.

- 30.06.2016с. – Қарордод байни Вазорати нақлиёти ҶТ ва ширкати Синдзян Бейсин (Хитой) барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ба имзо расид.

- 22.07.2016с. – бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ифтитоҳи иншоот гузаронида шуд.

Айни ҳол, корҳои омодагӣ дар гузаргоҳи (эстакада) №204-4 адад зерсутун (свая) бетон рехта шуда, бартараф намудани қабати болопуши роҳи мавҷудбуда идома дорад.

Инчунин аз ҷониби машваратчии инфиродӣ барои интихоби пудратчии қисми боқимондаи лоиҳа омода намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ идома дорад.