• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.08.2017

- маблағи умумӣ:  96,38 млн. доллари ИМА, аз ҷумла;

• қарзи Бонки Осиёгии Рушд (БОР) - 49,4 млн. дол. ИМА

• кӯмаки бебозгашти Бонки Осиёгии Рушд (БОР) – 17,8 млн. дол. ИМА

• қарзи ОПЕК - 12,0 млн. дол. ИМА

• саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 17,18 млн. дол. ИМА

- муҳлати иҷрои корҳо:оғоз – 2017,  анҷом – 2019

-машваратчӣ:Ширкати “Кокс” (Олмон) 

- пудратчӣ:  Дар марҳилаи интихоб қарор дорад

- шарҳи лоиҳа:таҷдид намудани роҳи автомобилгард,васлу насби системаи рӯшаноии офтобӣ дар қад-қади роҳи лоиҳавӣ ва дохили нақби “Озодӣ”.

Расмиётҳои озмунӣ ҷиҳати интихоби ширкати машваратӣ оид ба идоракунии қарордод ва назорати корҳои сохтмонӣ гузаронида шуда, 29.06.2017с. қарордод байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Кокс” (Олмон) ба имзо расид.

Нақшаи ҷудо намудани замин ва кӯчонидани аҳолӣ дар доираи Лоиҳаи барқароркунии роҳи автомобилгарди Душанбе-Қурғонтеппа», аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2017 тасдиқ гардидааст 

Иловаи нақшаи ҷудо намудани замин ва кӯчонидани аҳолӣ дар доираи Лоиҳаи барқароркун роҳи автомобилгарди Душанбе-Қурғонтеппа