• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.11.2016с. 

- маблағи умумӣ – 115,3 млн.доллари ИМА, аз ҷумла;

• гранти Бонки Осиёгии Рушд - 100 млн. доллари ИМА

• қарзи Фонди ОПЕК - 14 млн. доллари ИМА

• саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1,3 млн. доллари ИМА

- машваратчӣ: Ширкати Кокс (Олмон)

-паймонкор: Ширкати Синдзян Бейсин ЛТД (Ҷумҳурии Халқии Хитой)

- мӯҳлати корҳои сохтмонӣ: оғоз - ноябри 2012, анҷом - сентябр 2016

- шарҳи лоиҳа: дарозии роҳ 112,6 км, сохтмону барқароркунии 31 адад пул, харидории техникаҳои нигоҳдории роҳ 32 адад (2,5 млн.дол.ИМА), беҳтар намудани инфрасохтори дидбонгоҳи гумрукии Саразм дар сарҳад бо Ҷумҳурии   Узбекистон, таъмири 60 км роҳҳои маҳаллӣ дар минтақаи лоиҳавӣ

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ – 99,965 млн.дол.ИМА (87%)

- 09.02.2015с. - кушодашавии пешниҳодҳои ширкатҳои иштирокчиёни озмун гузаронида шуда,  ҳисоботи арзёбии пешниҳодҳо пас аз мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.04.2015с. ба Бонки Осиёгии Рушд барои мувофиқа пешниҳод гардид, ки 01.06.2015с. тасдиқ гардид.

- 09.06.2015с. – бо ширкати Синдзян Бейсин-и ҶХХ қарордод барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ба имзо расида, корҳо идома доранд.

- 10.06.2015с. – бо ширкати ХGМА-и ҶХХ доир ба харидории техника ва таҷҳизоти нигоҳдории роҳ қарордод ба имзо расид. Техника ва таҷҳизотҳо ворид ва ба Вазорати нақлиёти ҶТ супорида шуданд.

- 20.10.2015с. – ба имзорасонии Қарордод байни Вазорати нақлиёти ҶТ ва ҶДММ “Сохтмон” барои беҳтар намудани инфраструктураи дидбонгоҳи гумрукии Саразм. Айни ҳол, корҳои сохтмонӣ дар сатҳи анҷомёбӣ қарор доранд.

- 18.10.2015с. – бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоот ба истифода супорида шуд.

Айни ҳол, бартарафсозии камбудиҳо, ки аз ҷониби Комиссияи корӣ ошкор шудаанд, идома доранд.

Корҳои таъмирӣ дар роҳҳои маҳаллӣ идома доранд.