• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.08.2017 

- маблағи умумӣ:  115,3 млн. доллари ИМА, аз ҷумла;

• гранти Бонки Осиёгии Рушд - 100 млн. доллари ИМА

• қарзи Фонди ОПЕК - 14 млн. доллари ИМА

• саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1,3 млн. доллари ИМА

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ: 114,614 млн.дол.ИМА (99,4) 

- машваратчӣ: Ширкати Кокс (Олмон)

- паймонкор: Ширкати Синдзян Бейсин ЛТД (Хитой)

- муҳлати корҳои сохтмонӣ: оғоз - ноябри 2012, анҷом -декабр 2016

- шарҳи лоиҳа: дарозии роҳ 112,6 км, сохтмону барқароркунии 31 адад пул, харидории техникаҳои нигоҳдории роҳ 32 адад (2,5 млн.дол.ИМА), беҳтар намудани инфрасохтори дидбонгоҳи гумрукии Саразм дар сарҳад бо Ҷумҳурии  Узбекистон, таъмири 60 км роҳҳои маҳаллӣ дар минтақаи лоиҳавӣ.

- 09.06.2015с. – қарордод бо Ширкати Синдзян Бейсин (Хитой) барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ба имзо расид. 11.08.2016с. корҳои баанҷомрасида аз ҷониби Комиссияи корӣ қабул гардида, дар марҳилаи кафолатӣ (12 моҳ) қарор доранд.

- 10.06.2015с. – қарордод бо ширкати ХGМА (Хитой) доир ба харидории техника ва таҷҳизоти нигоҳдории роҳ ба имзо расид. Техника ва таҷҳизотҳо ворид ва ба Вазорати нақлиёти ҶТ супорида шуданд.

- 20.10.2015с. – баимзорасонии Қарордод байни Вазорати нақлиёти ҶТ ва ҶДММ “Сохтмон” барои беҳтар намудани инфраструктураи дидбонгоҳи гумрукии Саразм.

- 17.01.2017с. – қабули пешакии корҳои беҳтар намудани инфраструктураи дидбонгоҳи гумрукии Саразм аз ҷониби Комиссияи корӣ гузаронида шуд.      

- 07.10.2015с. – қабули пешакии роҳи асосии лоиҳавӣ аз тарафи Комиссияи корӣ гузаронида шуда, иншоот дар муҳлати кафолатӣ (12 моҳ) қарор дорад.

- 18.10.2015с. – бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳи лоиҳавӣ ба истифода дода шуд.    

- дар доираи маблағҳои истифоданашудаи лоиҳа бо розигии БОР дар заминаи воридкунии тағйирот ба қарордод бо паймонкори асосии лоиҳа дар КМ 25+447 галерея сохта шуд.