• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.06.2019 

- маблағи умумии лоиҳа: 115,5 млн.дол.ИМА, аз ҷумла;

• қарзи Бонки Исломии Рушд – 20,0 млн.дол.ИМА

• қарзи Фонди Саудии Рушд – 30,0 млн.дол.ИМА

• қарзи Фонди Қувейтии Рушди Иқтисодии Араб – 25,5 млн.дол.ИМА

• қарзи Фонди ОПЕК – 10,0 млн.дол.ИМА

• қарзи Фонди Абу Дабӣ – 20,0 млн.дол.ИМА

• саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 10,0 млн.дол.ИМА

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ: 628,0ҳаз.дол.ИМА (0,5%)

- машваратчӣ: Дохва Инжиниринг (Хитой)

- паймонкор: дар марҳилаи интихоб

- шарҳи лоиҳа: сохтмони 58 км роҳ, сохтмони 4 адад пул бо дарозии 111м ва таҷдиди 2 адад пул бо дарозии 66м, сохтмони 1 адад нақб бо дарозии 360м, харидории техникаҳо ва таҷҳизотҳо ва сохтмони пойгоҳи тарозу барои баркашии мошинҳои боркаш.

12 феврали соли 2019 аз 8 ширкатҳои сохтмонии пудратии ба рӯйхати кӯтоҳ воридгардида пешниҳодҳои молиявии ҳамагӣ 6 ширкат гузаронида шуд.

Арзёбии пешниҳодҳои молиявии ширкатҳо ба анҷом расонида шуда,  11 марти соли 2019 Ҳисоботи арзёбӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод карда шуд.

28 марти соли 2019 дар Кумита ҷаласаи баррасии ҳисоботи мазкур баргузор гардида, он аз ҷониби аъзои комиссия маъқул дониста шуд.

29 марти соли 2019 Ҳисоботи арзёбии пешниҳодҳои молиявӣ ба унвони Фондҳои маблағгузор барои мувофиқа ирсол карда шуд.

Розигии ҳамаи фондҳо дастрас гардида, санаи 23 майи соли 2019 байни Вазорат ва ширкати хитоии “Чайна Стейт Констракшн Ксинҷианг Констракшн Инҷиниринг Груп” доир ба сохтмони қитъаи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ва санаи 24 майи соли 2019 байни Вазорат ва Ширкати хитоӣ оид ба сохтмони роҳу пулҳо “Чайна Роуд Энд Бридж Корпорэйшн” доир ба сохтмони қитъаи Шкев-Қалъаихумби роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб қарордодҳо ба имзо расиданд.

Айни ҳол, аз ҷониби ширкатҳои пудратчӣ сафарбар намудани техникаю таҷҳизотҳо ба иншоот оғоз карда шудааст.