• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.11.2016с.

- маблағи умумӣ – 11,9 млн.дол.ИМА, аз ҷумла;

• Кӯмаки бебозгашти Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон-5,95 млн.дол.ИМА            

• саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон–5,95 млн.дол.ИМА

- паймонкор: Ширкати эронии Собир

- мӯҳлати корҳои сохтмонӣ: оғоз - ноябри 2011, анҷом – ноябри 2015

- шарҳи лоиҳа: корҳои боқимондаи сохтмонии нақби “Истиқлол”, ки дар соли 2010 аз сабаби норасогии маблағ қатъ гардиданд

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ – 11,098 млн.дол.ИМА (93,2%)

- шумораи кормандон - 26 нафар: маҳаллӣ - 23н. (88%), хориҷӣ - 3н. (12%)

- 07.07.2015с. - Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби Истиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

- 29.12.2015с. – қабули пешакии иншоот аз тарафи Комиссияи корӣ гузаронида шуд. Иншоот дар марҳилаи кафолатӣ қарор дорад.

Корҳои бо барқи муваққатӣ таъмин намудани нақб рафта истодааст. Барои кӯчонидани кабели 6 кВт аз АТТ ва ВДТ ҳамаи анкерҳои лозимӣ маҳкам карда шудааст. Пояҳо барои овезон кардани лампаҳо ва кашонидани кабелҳо низ тайёр шуда васл карда шудаанд. Аз дастаки 1 то дастаки 9 лампаҳо пурра васл гардида, равшанӣ таъмин гардидааст.

Инчунин корҳои бартарафсозии эродҳои намояндагони Комиссияи корӣ рафта истодааст.