• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.06.2019

- маблағи умумии лоиҳа: 4,980 млн.дол.ИМА

Кумаки бебозгашти Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ: 597,1 ҳаз.дол.ИМА (12%)

- паймонкор: Корпоратсияи хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо (Чайна Роуд)

- шумораи кормандон: 20 нафар: маҳаллӣ-6н.(30%), хориҷӣ-14н.(70%)

- шумораи техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ: 6 адад

- шарҳи лоиҳа: сохтмони долонҳои зиддитармавӣдар қитъаҳои нисбатан хавфноки КМ 69+350 то 69+450, 71+700 то 71+840 ва 71+900 то 72+060.

14 январи соли 2019 байни Вазорати нақлиёт ва Корпоратсияи хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо (Чайна Роуд) қарордод оид ба иҷрои корҳои сохтмонӣ ба имзо расид.

Лоиҳаи корӣ барои ҳар як қитъа дар алоҳидагӣ омодашуда ба экспертизаи давлатӣ пешниҳод карда шуд ва 30 апрели соли 2019 хулосаи мусбӣ дастрас гардид.

Айни ҳол, дар иншоот корҳои омодагӣ, ба монанди омода намудани ҷойи хоб барои кормандон, тайёр намудани ҷойи мувофиқ барои насб намудани дастгоҳҳои сангмайдакунӣ ва нигоҳ доштани масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра рафта истодаанд.