• Tajik
  • Русский
  • English

Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.06.2019 

- маблағи умумии лоиҳа: тақрибан 19,104 млн.дол.ИМА, (пас аз мувофиқаи тақсимоти маблағи умумӣ бо Бонк аниқ мешавад), аз ҷумла:

• гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ 8,061 млн.дол.ИМА

• қарзи Бонки Умумиҷаҳонӣ 11,043 млн.дол.ИМА

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ: 76,85 ҳаз.дол.ИМА (0,4%)

- машваратчӣ: ШМ “Донсунг Инжиниринг Ко., Лтд” (Корея) ва ҶДММ “Валӣ” (Тоҷикистон)  

- паймонкор: дар марҳилаи интихоб

- муҳлати иҷрои корҳо: оғоз – 2018, анҷом – 2023

- шумораи кормандон: 7 нафар маҳаллӣ

- шарҳи лоиҳа: сохтмони 18 адад пул дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон ва Мурғоби ВМКБ, инчунин харидории техника ва таҷҳизоти нигоҳдории роҳ.

24 августи соли 2018 эълон барои пешниҳоди “Изҳори ҳавасмандӣ” дар доираи бастаи «Хизматрасониҳои мушовирӣ оид ба назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар сомонаҳои Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сомонаи Development Business, СММ дар Тоҷикистон ва дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр гардид. Муҳлати ниҳоии пешниҳоди “Изҳори ҳавасмандӣ” 14.09.2018с. муайян шудааст. Баъд аз баҳогузории пешниҳодҳо ва таҳияи  рӯйхати кӯтоҳ дар мувофиқа бо Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳисобот ва рӯйхати кӯтоҳи 6 ширкати ба рӯйхат шомилшуда, тавассути системаи “СТЕП” барои мувофиқа ва розигӣ ба Бонки Умумиҷаҳонӣ ирсол карда шуд.

22 октябри соли 2018 Бонки Умумиҷаҳонӣ розигии худро нисбати ҳисоботи баҳодиҳӣ пешниҳод намуд. 29 октябри соли 2018 лоиҳаи “Дархост оид ба пешниҳодҳо (RFP)” ба Бонк барои мувофиқа ва розигӣ ирсол карда шуд.

7 ноябри соли 2018 ба мушовирони ба рӯйхати кӯтоҳ воридгардида “Дархост оид ба пешниҳодҳо”  ирсол гардид, ки муҳлати пешниҳоди ниҳоии ҳуҷҷатҳо тибқи дархости ширкатҳо то 21 декабри соли 2018 тамдид карда шуд.

27 ноябри соли 2018 Тағйироти №1 ба “Дархост оид ба пешниҳодҳо” ҷиҳати тамдиди муҳлати пешниҳодҳо то 21 декабри соли 2018 ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои баррасӣ ва тасдиқи он фиристода шуд. 28 ноябри соли 2018 аз ҷониби Бонк Тағйироти №1 тасдиқ гардид.      

21 декабри соли 2018 соати 10:00 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маросими кушодани пешниҳодҳои техникии ширкатҳои ба рӯйхати кӯтоҳ воридгардида баргузор гардид. Аз 6 ширкати ба рӯйхати кӯтоҳ воридгардида ҳамагӣ 5 ширкат иштирок карданд.

25 январи соли 2019 ҳисоботи арзёбии техникии ширкатҳои ба рӯйхати кӯтоҳ воридгардида барои мувофиқа ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ирсол карда шуд.

9 феврали соли 2019 ҳисоботи арзёбии пешниҳодҳои техникии ширкатҳо ба Бонк барои мувофиқа ирсол гардида, розигии Бонк санаи 4 марти соли 2019 дастрас шуд. Санаи 5 марти соли 2019 ба ҳамаи ширкатҳо мактуб оид ба кушодани пешниҳодҳои молиявӣ ирсол карда шуд. Санаи 19 марти соли 2019 расмийтикушодани пешниҳодҳои молиявии 5 ширкат аз рӯйхати кӯтоҳ баргузор гардид. Ҳисоботи арзёбӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Бонк мувофиқа карда шуд.

18 апрели соли 2019 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷаласа оид ба арзёбии ҷамъбастии техникӣ ва молиявӣ ҷиҳати интихоби ширкати машваратчӣ барои назорати корҳои сохтмонӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа ширкати муштараки “Dongsung Engineering Co., Ltd” (Ҷумҳурии Корея) ва ҶДММ “Валӣ” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ғолиби озмун дониста шуд.

6 майи соли 2019 дар Вазорати нақлиёт гуфтушунидҳои қарордодӣ бо ширкати муштараки “Dongsung Engineering Co., Ltd” (Ҷумҳурии Корея) ва ҶДММ “Валӣ” (Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки холҳои зиёдро ба даст оварда буд, баргузор гардид.

7 майи соли 2019 Протоколи гуфтушунидҳо ва лоиҳаи қарордод ба Бонк барои мувофиқа ва гирифтани розигӣ ирсол гардида санаи 14 майи сли 2019 розигии Бонк нисбати лоиҳаи қарордод дастрас шуд.

15 майи соли 2019 қарордод байни Вазорати нақлиёт ва ширкати муштараки “Dongsung Engineering Co., Ltd” (Ҷумҳурии Корея) ва ҶДММ “Валӣ” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба имзо расид.

21 майи соли 2019 маълумот оид ба бастани қарордод дар сомонаи Вазорати нақлиёт ва сомонаи Development Business тавассути системаи СТЕП нашр карда шуд.

24 августи соли 2018 ҳуҷҷатҳои озмунӣ ҷиҳати харидории корҳои сохтмонӣ ба Бонк барои мувофиқа ва розигӣ ирсол карда шуда, 6 сентябри соли 2018 эродҳои Бонк нисбати ҳуҷҷатҳои озмунӣ дастрас шуданд. 4 октябри соли 2018 ҳуҷҷатҳои озмунӣ бо назардошти эроду пешниҳодҳо ба Бонк барои мувофиқаи такрорӣ ва розигӣ ирсол гардида, розигии Бонк ба онҳо санаи 14 октябри соли 2018 дастрас шуд.   

25 феврали соли 2019 озмун ҷиҳати харидории корҳои сохтмонӣ эълон карда шуд ва дар муҳлати ниҳоии пешниҳодҳо 25 апрели соли 2019  соати 15:00 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маросими кушодани пешниҳодҳои озмунӣ ҷиҳати харидории корҳои сохтмонӣ баргузор гардид. Барои Лоти-1 5 ширкат ва Лоти-2 2 ширкат пешниҳодҳои озмунии худро манзур намуданд. Айни замон пешниҳодҳои озмунӣ дар марҳилаи баҳодиҳӣ қарор дорад.

26 октябри соли 2018, аз 3 ширкати таҳвилгар даъвати дархости молиявӣ ҷиҳати хариди таҷҳизот ва лавозимоти идоравӣ барои идораи машваратчиёни ГТЛ дастрас шуд. 9 ноябри соли 2018 пешниҳодҳои қабулшуда баҳогузорӣ гардида, дар натиҷа қарор қабул шуд, ки шартнома бо таҳвилгари арзиши пасттарин пешниҳодкарда СИ "Абдуҷаборов Хуршидҷон Абдумаджидович" баста шавад. 14 ноябри соли 2018 шартнома бо таҳвилгари мазкур ба маблағи 67946,00 сомонӣ ба имзо расид. Таҳвилгар ҳамаи  таҷҳизот ва лавозимоти идоравиро дастрас намуд.