• Tajik
  • Русский
  • English

                                                        Маълумоти мухтасар ба ҳолати 01.08.2017

- маблағи умумӣ:  76,9 млн.доллари ИМА, аз ҷумла;

• гранти Бонки Осиёгии Рушд – 70 млн. доллари ИМА

• саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6,9 млн. доллари ИМА

- маблағи азхудшудаи умумилоиҳавӣ: 45,159 млн.дол.ИМА (58,7%)

- шарҳи лоиҳа: таҷдиди роҳи Восеъ-Ховалинг бо дарозии 88 км, асфалтхобонии қабати дуюми болопӯши роҳ дар қитъаи Сайрон-Қарамиқ (89км), таъмиру барқарорсозии 12 адад пул, таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар минтақаи лоиҳа (30 км), таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт (таъмини қувваи барқ ба минтақаҳои аҳолинишин ва деҳаҳои ҳамшафати роҳ, ки бо хатти интиқоли барқ таъмин нашудаанд), нигоҳдории роҳ дар асоси нишондиҳандаҳои сифат (177км), лоиҳакашӣ, назорат ва идораи лоиҳа, аудит.

Таҷдиди роҳи Восеъ-Ховалинг (39 млн.дол.ИМА)

- машваратчӣ: Ширкати СМЕК (Австралия)       

- паймонкор: Ширкати Синохайдро (Хитой)  

- муҳлати корҳои сохтмонӣ: оғоз – январи 2014, анҷом - июли 2017

- шумораи кормандон: 125 нафар: маҳаллӣ-95н.(76%), хориҷӣ-30н.(24%)

- шумораи техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ:  80 адад

19.07.2017с. аз ҷониби Комиссияи корӣ қабули пешакии роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг гузаронида шуда, санади Комиссияи корӣ мавриди мувофиқа қарор дорад.

- 16.11.2016с. – ҷиҳати таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар минтақаи лоиҳа кушодашавии дархостҳои техникии ширкатҳои паймонкор гузаронида шуд. Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ бо ғолиби озмун ҶДММ “Аркони соҳибкор” қарордод ба имзо расида, корҳои омодагӣ оғоз ёфтанд.

- 30.11.2016с. – қарордод бо ширкати ҶДММ “Нури-2010” ҷиҳати татбиқи ҷузъиёт “Таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт (таъмини қувваи барқ ба минтақаҳои аҳолинишин ва деҳаҳои ҳамшафати роҳ, ки бо хатти интиқоли барқ таъмин нашудаанд) ба имзо расид.

- татбиқи ҷузъиёт “Нигоҳдории роҳ дар асоси нишондиҳандаҳои сифат (177км) дар солҳои 2016-2018 пешбинӣ шудааст.Барои татбиқи қисмати мазкур аз ҷониби Машваратчӣ ҳуҷҷатҳои тендерӣ омода гашта, дар марҳилаи мувофиқа бо МТЛ таҷдиди роҳҳо қарор доранд.

Асфалтхобонии қабати дуюми болопӯши роҳ дар қитъаи Сайрон-Қарамиқ (17 млн.дол.ИМА)

- машваратчӣ: Ширкати СМЕК (Австралия)

- паймонкор: Ширкати Топ Интернэшнл Инджиниринг(Хитой)  

- муҳлати корҳои сохтмонӣ: оғоз – сентябри 2014, анҷом – августи 2017

- шумораи кормандон:  24 нафар маҳаллӣ

- шумораи техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ:  8 адад