• Tajik
  • Русский
  • English

   Раёсат ҷузъи сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои тибқи Низомномаи Вазорат оид ба   соҳаи сохтмон ва хоҷагии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум муайян гардидаро амалӣ менамояд.

Сохтори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо аз Сардори Раёсат, Шӯъбаи сохтмон ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, шӯъбаи банақшагирӣ ва баҳодиҳӣ ва шӯъбаи ахбори фаврӣ иборат мебошад.

Вазифаҳои мансаби кормандон дар асоси дастурамал мансаби ва низомномаи раёсат амалӣ карда мешавад.

Раёсат фаъолияти корхонаву муассисаҳои зертобеи соҳаи роҳдориро таҳти назорат қарор дода, баҳри пешрафти соҳа чораҳои амалӣ андешида, барои таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ” ҳамкорӣ менамояд.