• Tajik
  • Русский
  • English

Оид ба пешниҳоди дархостҳои тиҷоратӣ барои насби таҷҳизот барои ҳисоб кардани шиддатнокии ҳаракат дар роҳ ва системаи таснифотӣ   

(Таҳлили видеоии параметрҳо) дар ҳаҷми 25 (бисту панҷ) маҷмӯъ

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад таҷҳизотҳои пештар харидаро, ки барои ҳисоб кардани шиддатнокии ҳаракат дар роҳ ва системаи таснифотӣ (Таҳлили видеоии параметрҳо) дар ҳаҷми 25 (бисту панҷ) маҷмӯъ дар қисматҳои зерини роҳҳои автомобилгард насб намояд:

  1. Роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-сарҳади Узбекистон - 2 адад;
  2. Роҳи автомобилгарди Лабиҷар-Тавилдара-Дарвоз - 1 адад;
  3. Роҳи автомобилгарди Душанбе-ағбаи Кулма тавассути Ваҳдат-Кулоб-Хоруғ-Мурғоб то сарҳади Ҷумҳурии халқии Хитой - 3 адад;
  4. Роҳи автомобилгарди Мурғоб-ағбаи Қизиларт то сарҳади Қирғизистон - 1 адад;
  5. Роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим-Тузкул баромад ба роҳи автомобиии Душанбе-ағбаи Кулма - 1 адад;
  6. Роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргитол то сарҳади Қирғизистон - 2 адад;
  7. Роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дустӣ - 2 адад;
  8. Роҳи автомобилгарди Душабе-Қурғонтеппа-Панҷи Поён тавассути роҳи автомобилии Рудакӣ-Ҷ.Балхӣ то сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон - 2 адад;
  9. Роҳи автомобилгарди Қурғонтеппа-Сарбанд-Данғара - 1 адад;
  10. Роҳи автомобилгарди Қизилқалъа-Ҷарбуҷа тавассути роҳи автомобилии Қабодиён-Шаҳритус-Айвоҷ - 2 адад;
  11. Роҳи автомобилгарди Айни-Панҷакент то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон – 1 адад;
  12. Роҳи автомобилгарди Конибодом-Деҳмой (баромад ба роҳи автомобилии Душанбе-Чанок - 1 адад;
  13. Роҳи автомобилгарди Истаравшан-Зафаробод тавассути роҳи автомобилии Кушканд то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон - 1 адад;
  14. Роҳи автомобилгарди Ғафуров-Қаҳрамон-Пунгон то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон - 1 адад;
  15. Роҳи автомобилгарди Восе-Ховалинг - 1 адад;
  16. Роҳи автомобилгарди Рудакӣ-Ёвон-А.Ҷомӣ-Уяли - 2 адад;
  17. Роҳи автомобилгарди Зафаробод-Бекобод то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон - 1 адад.

Нархҳо барои насби таҷҳизоте, ки дар пешниҳоди тиҷоратӣ пешниҳод шудаанд, бояд ҳама хароҷот, аз ҷумла дастрас намудани таҷҳизотро дар бар гирад.

Ҳамзамон бояд алтернатива барои системаи таъминоти барқӣ аз батареяҳои офтобӣ бо аккумулятори иқтидораш зиёд пешниҳод намуд.

Ҳамаи Таҳвилгарони манфиатдор бояд пешниҳодҳои тиҷоратии худро бо дарҷи арзиши хизматрасонӣ барои насби таҷҳизоти болозикр то мӯҳлати  10.07.2018 сол ба суроғаи зерин пешниҳод намоянд:

Вазорати нақлиёт, кучаи Айни 14, 3-юм ошёна утоқи №308 ва № 310, тел: (+992 372)  222-22-21 gtl@mintrans.tj invest.dep@mintrans.tj