• Tajik
  • Русский
  • English

Ҳафтаи равон таҳти раёсати  Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек бо иштироки масъулини идораву корхонаҳои нақлиётӣ ҷаласа оид ба омодагӣ ба зимистон баргузор гардид.

 Нахуст, муовини вазир Шоиста Саидмуродзода сухан намуда, сипас,  мутахассиси пешбари Раёсати нақлиёти рўизаминӣ Фирдавс Раҳимов оид ба омодагии муассисоту корхонаҳои нақлиётӣ ба зимистони дарпешистода ва дастурҳо оид ба ин масъала маълумот дод.  Баъдан,  масъулини Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар  соҳаи нақлиёт, Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ширкатҳо ва ассотсиатсияҳои  нақлиётӣ низ оид ба омодагиҳо ба ин маъракаи барои нақлиётчиён муҳим ахборот доданд.

Вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр оид ба камбудию мушкилиҳои ҷойдошта барои паси сар намудани фасли сармои дар пешистода ҳарф зада, ҳамчунин таъкид намуд, ки тибқи пешгӯиҳо зимистони дар пешистода нисбат ба солҳои қаблӣ нисбатан сард меояд ва масъулинро водор менамояд, ки ҷиҳати омодагӣ ба он чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Вазир ҳамчунин қайд намуд, ки ҳолати роҳҳо ва кушода ё банд будани онҳо дар тамоми фасли сол, аз ҷумла, дар фасли зимистон маҳз аз корхонаҳои нақлиётӣ, хусусан аз ронандаҳо вобастагӣ дорад. Бисёр вақт аз сабаби пурборӣ ва омода набудани васоити нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо  аз кор монда, роҳҳоро маҳкам мекунанд. Аз ин рў масъулини ширкатҳо ва муассисоти нақлиётиро зарур аст,ки ба ин масъала хунукназарӣ накунанд. Аз ҷумла, корхонаю муассисаҳои нақлиёти автомобилиро зарур аст, ки пеш аз ҳама ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, алалхусус мусофирбарро дар ҳолати омодабош қарор дода, лавозимоти заруриро, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо ҳангоми боридани барфу борон таъмин намоянд. Ҳангоми фарорасии фасли тирамоҳу зимистон новобаста аз он ки воситаи нақлиёт нав аст ё куҳна, ронанда бояд ҳолати техникии онро бори дигар аз назар гузаронад.

Вазир ҳамчунин таъкид намуд, ки яке аз талаботи асосӣ барои омодабошии воситаи нақлиёт ба фасли зимистон, ин саривақт иваз кардани резинаи чархҳои воситаи нақлиёт аз намуди тобистона ба зимистона мебошад.

          Бояд қайд намуд, ки барои амалӣ намудани ҳамлу нақл тавассути нақлиёти автомобилӣ дар фасли зимистон воситаи нақлиёт бояд дорои лавозимоти зарурӣ бошад. Аз ҷумла, лавозимот барои аз барф тоза кардани воситаи нақлиёт (шётка), яхканак (скребок), белча, занҷир барои чархҳо, такягоҳи зиддиҷаршавӣ ва симтоб (трос).

          Таҷҳизоти гармидиҳанда (печка) ё радиатори гармидиҳӣ вазифаи таъмин кардани ҳавои гармро дар дохили воситаи нақлиёт иҷро менамоянд.  Айни замон системаи мазкур барои дар дохили воситаи нақлиёт (салон) таъмин намудани гармӣ ва буғ нагирифтани шишаҳои пеш, қафо ва паҳлулии  он истифода мешавад. Мувофиқи меъёрҳо ҳангоми 25 дараҷа сард будани ҳарорати ҳаво, ҳарорати дохили воситаи нақлиёт бояд ҳадди ақал 16 дараҷа гарм бошад. Ҳамзамон, пеш аз сардшавии ҳарорати ҳаво тафтиш кардани ҳолати коршоямии аккумулятор, аз ҷумла  заряднокӣ ва зичии он зарур мебошад.

      Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми сард гардидани ҳаво  истифодаи аккумуляторҳои муҳлаташон ба итмом расида, боиси ба мушкилӣ дучор гардидан ва саривақт ба хатсайр набаромадани воситаи нақлиёт мегардад. Дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати  омодабошӣ ва муҷаҳҳаз намудан бо лавозимоти зарурӣ, иловатан таҷҳизонидани воситаи нақлиёт дар фасли зимистон бо лавозимоти ҳифзкунакҳо ба истилоҳ предохранителҳо, чароғакҳои иловагӣ, ноқилҳои иловагӣ барои  аз дигар воситаҳои нақлиёт ба кор даровардани муҳаррик, оташхомушкунак, доруқуттӣ ва ғайра зарур мебошанд.

Дар фуроварди чаласа вазир бори дигар ҳозиринро таъкид намуд, ки  ба масъалаи мазкур ҳамаҷониба омодагӣ бинанд.  Масъулинро вазифадор кард, ки масъалаи мазкурро дар корхонаву муассисоти нақлиётӣ мавриди санҷиш қарор дода, ба Вазорати нақлиёт оид ба  натиҷаи он ахборот пешниҳод намоянд.

Гулнисо Одилбекова