• Tajik
  • Русский
  • English

Вохўрӣ бо шарикони рушд.

 Рўзи 29-уми октябри соли равон вохурии гуруҳи кории Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба рушд дар соҳаи нақлиёт баргузор гардид.

 Дар вохўрӣ намояндагони Шарикони рушд, аз қабили Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон, намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Хадомоти гумрук ва кормандону мутахассисони Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт ва Агентии авиатсияи гражданӣ иштирок доштанд.

Ҷаласаро муовини якуми вазири нақлиёти кишвар, ҳамраиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба рушд дар соҳаи нақлиёт ва логистика Мирзозода Суҳроб оѓоз намуд. Суханони хайрамақдамӣ аз ҷониби Айтекен Рустамова - роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, ҳамзамон муовини ҳамраиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ низ баён гардид.

Вобаста ба корҳои иҷрогардида ва идома ёфтаистода дар амалӣ намудани ҳамкорӣ бо Шарикони рушд аз ҷониби муовини якуми вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб, муовини Агентии авиатсияи гражданӣ Азиз Набизода ахбори муфассал манзур гардид.

Сипас намояндагони Шарикони рушд ба вазъи татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт ва логистика инчунин баъзе ҷанбаҳои фаъолият ва нақшаҳо дар оянда маълумот доданд.

Вохўрӣ дар вазъи табодули афкор аз ҳар дуҷониб бо иштироки фаъолонаи намояндагони вазорату идораҳо доир гардид ва аз ҷониби ҳамраиси Шурои ҳамоҳангсозӣ, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Хидеки Танабе ҷамъбаст шуд.

Г. Ватаншо