• Tajik
  • Русский
  • English

Рӯзи 6-уми майи соли равон вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини якуми вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб, кормандони Вазорати нақлиёт ва Бонки Умумиҷаҳонӣ бо роҳбарии иқтисодичии калон оид ба нақлиёт Кордула Растодҷи иштирок доштанд.

Ҳозирин таҷдиди лоиҳаи «Марҳилаи дуюми беҳтар намудани роҳҳои Осиёи Маркази (ЦАДС-2» ва омодасозии лоиҳаи пешниҳодшавии «Марҳилаи чоруми барномаи беҳтарсозии роҳҳои автомобилгарди Осиёи Марказӣ (ЦАДС-4)» - ро мавриди муҳокима қарор доданд.