• Tajik
  • Русский
  • English

 Майдончаи варзишие, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Қосимов, назди биноҳои 3/1, 5/1, 5/2 ва 5/17 сохта шуд, 5 –октябр, ҳангоми таҷлили Рӯзи забони давлатӣ, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими баистифодадиҳӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс, раиси ноҳияи Фирдавсӣ Муҳаммараҳим Юсуфӣ, муовини вазири нақлиёт Саидмуродзода Шоиста, роҳбарон ва кормандони Вазорати нақлиёт, Мақомоти ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Фирдавсӣ ва толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия иштирок доштанд.

 Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ сокинони маҳалларо, ки либоси идона дар бар дар майдонча бо фарзандони худ ҷамъ омада буданд, бо Рӯзи забон шодбош гуфт ва изҳор дошт, ки маҳз дар ин рӯзи ҷашн сокинони маҳалла мукофоти арзандаеро соҳиб гаштанд. Акнун кӯдакону наврасон метавонанд дар ин майдонча вақти хуш гузаронанду ба варзиш машғул шаванд. Мавсуф барои чунин ғамхориҳо аз Сарвари давлат, ки бо супориши ӯ дар тамоми гӯшаву канори шаҳр майдончаҳои варзишӣ ва дилхушии кӯдакона сохта мешаванд, изҳори сипос намуд. Раиси ноҳия ҳамчунин барои босифати баланд ва ҷавобгӯи талабот сохта мавриди истифода қарор додани майдонча ба роҳбарият ва кормандони Вазорати нақлиёт миннатдории самимона баён дошт ва аз сокинони маҳалла даъват ба амал овард, ки дар ободу тоза нигоҳ доштани майдонча саҳмгузор бошанд, то он битавонад солиёни дароз барояшон хизмат кунад.

 Сипас, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода аз номи Раиси шаҳр ҳозиринро нахуст бо Рӯзи забон ва дар ин рӯз соҳиби майдончаи зебо гардидан табрик гуфт. Ӯ низ барои заҳматҳои беназирашон дар сохтмони майдонча ба Вазорати нақлиёт миннатдорӣ баён дошт.

 Муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода пас аз табрикот барои пазироии гарму самимӣ ба роҳбарияти ноҳияи Фирдавсӣ аз номи вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр ташаккур изҳор дошт ва гуфт боварӣ дорем, ки майдонча солиёни зиёд ба сокинони маҳалла хизмат хоҳад кард. Ӯ низ ин майдончаро туҳфаи арзанда дар таҷлили Рӯзи забон ба сокинон арзёбӣ намуд.

 Дар фарҷоми ҷамъомад раиси ноҳия барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи талабот сохта ба истифода додани ин майдончаи варзишӣ Сипосномаи раиси ноҳия ба вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёрро ба муовини вазир супорид.

 Ҳамчунин аз номи Ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ чун рамзи сипосу миннатдорӣ тамоми ҷилдҳои китоби “Шоҳнома” –и Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро ба Вазорати нақлиёт ба Саидмуродзода Шоиста тақдим намуд.

 Қайд кардан ба маврид аст, ки ин майдонча тибқи Нақша - чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2018, №98-ф тасдиқ карда шудааст, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати нақлиёт сохта шуд.

 Лоиҳаи иншооти мазкур аз тарафи Корхонаи фаръии КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии – 5130,0 м2 омода шуда, сохтмони он аз тарафи ҶДММ “Мостотряд” бо маблағи 980 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид.

 Иншооти мазкур аз майдончаи универсалӣ (футболи хурд, баскетбол, волейбол) дар масоҳати 540,0 м2, майдончаи бозии кӯдакон ва машқкунӣ бо роҳравҳо ва кабудизор дар масоҳати 4590 м2 иборат мебошад.

 Майдончаи умумии бозии кӯдакон бо ду намуд кӯталак барои лағжиш - 4 адад, арғунчаки тарозу шакл – 4 адад, арғунчак (качели) – 2 адад, таҷҳизоти гимнастикӣ – 2 адад, брусҳои мувозӣ – 2 адад, нимкати такягоҳдор - 14 адад ва нимкат – 10 адад, зинапояи нимдоирашакл барои ҷаҳиш – 1 адад, қуттии рег барои бозии кӯдакон - 2 адад муҷаҳҳаз гардида, барои истироҳату нишаст 1 адад суҳбатгоҳи соябон дар сохта шуда, равшаннамоии умумии иншоот таъмин гардидааст.

 Иловатан ба корҳои анҷомёфтаи лоиҳавӣ аз тарафи Вазорати нақлиёт 490 м2 роҳи назди майдонча мумфарш ва маҷмааи обёрии иншоот насб карда шудааст.