• Tajik
  • Русский
  • English

 Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек ҳамзамон раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар Долони байналмилалии нақлиётии Аврупо – Осиё – Қофқоз, Қофқоз Осиё – (ТРАСЕКА) таъин гардид.

 То ҳол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Сарвазири ҶТ муҳтарам Давлаталӣ Саид ҳамзамон раисии Комиссисяи миллии ТРАСЕККА – ро ба зимма дошт. Барои таъмини сатҳи баробар бо дигар кишварҳои аъзои долони мазкур, аз тарафи худи муовини аввали Сарвазири кишвар номзадии вазири нақлиёт ба ҳайси раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар ТРАСЕККА пешниҳод гардида, ин пешниҳод аз тарафи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷонибдорӣ ёфтааст.

 Таъиноти Худоёрзодаро ба ин вазифа табрик мегӯем ва барояшон муваффақиятро таманно дорем.