• Tajik
  • Русский
  • English

Вақте тавсияро аз  танқид фарқ намекунанд, Вокуниш ба мақолаи «Танқиди вазири нақлиёти Тоҷикистон аз "худсарӣ"-и IRS». Радиои «Озодӣ», 21 октябри соли 2019

 Дар сомонаи радиои Озодӣ гузорише бо номи «Танқиди вазири нақлиёти Тоҷикистон аз "худсарӣ"-и IRS» нашр гардид, ки манбаи онро ҳафтаномаи «Нақлиёт» - Вазорати нақлиёт нишон додаанд. Аз он ки матлаби мазкур маҳз аз ҳафтаномаи соҳавии вазорат маншаъ гирифтааст, зарур донистем ба он вокуниш намоем, то аҳли ҷомеа аз воқеияту моҳияти масъала огоҳ шаванд.

 Эътироф менамоем, ки дар ҳафтаномаи “Нақлиёт” оид ба  тавсияҳои вазири нақлиёт  ба масъулини корхонаҳои маҷмааи нақлиёту роҳ, аз ҷумла ширкати “IRS” ҳам, аз ҷаласаи ҳайати Мушовара мавод нашр шуда буд. Мутаассифона, кормандони “Озодӣ” аз суханҳои дар ин ҷаласа иброзшуда, ки моҳиятан масъалаи дохилиидоравӣ буд, ҳангома сохтанд.

 Дар ҷаласаҳои ҳайати Мушовара одатан ҳама паҳлуҳои соҳаҳои маҷмааи  нақлиёт ва вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла, ширкати IRS, мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва барои ба кормандони соҳа расонадан гузориш дар ҳафтаномаи соҳавӣ чоп мешавад. Ин дафъа ҳам дар баробари супоришҳои мушаххас ба корхонаҳо, дар мавриди ширкати мазкур низ дар гузориши ҳафтанома қайд кардем, ки «аз намояндаи ширкати IRS даъват ба амал оварда шуд, ки омодагии ширкат бояд ба зимистон садфоиза бошад. Вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр  барои дастгирӣ ва заҳматҳои коргарони ширкати мазкур дар фасли зимистон барояшон ташаккур баён дошт, вале аз он нигаронӣ кард, ки дар масъалаи пешниҳоди ҳисобот ба Вазорати нақлиёт IRS ба худсарӣ роҳ медиҳад”.

 Мақсад аз овардани ин гуфтаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳисоботдиҳанда арзёбӣ кардани филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар назди роҳбарияти Вазорати нақлиёт набуд.

   Моҳияти масъала дар он зоҳир мешавад, ки нишондиҳандаи фаъолияти бахши роҳу нақлиёти мамлакатро ниҳодҳои марбута маҳз аз Вазорати нақлиёт пурсон мешаванд.  Ба ибораи дигар, ин тавсия ба хотири пешрафти беш аз пеши ҳамкориҳо дода шуд.

 Дар мавриди ҳисоботе, ки  аз он ҳангома сохтанд вазир ҳисобот оид ба  омодагӣ ба мавсими зимистонро дар назар дошт, на чизи дигарро.  Дар ин иртибот вазири нақлиёт аз масъулини ширкат даъват ба амал овард, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати нақлиёт корро пеш баранд ва ин нукта ҳам дар ҳафтанома айнан дарҷ гардидааст:  “Магар ин роҳи Тоҷикистон нест? Охир, ҷавобгўи ҳамаи роҳҳои кишвар Вазорати нақлиёт аст. Каму кости роҳҳоро аз мо мепурсанд. Оид ба ин масъала бояд бо нозирони БДА ва ХДНТ дар соҳаи нақлиёт ҳамкории зичро ба роҳ монед. Ҳамчунин ҷиҳати истифодаи техникаи роҳтозакунӣ дар минтақаҳои сербарф ҳангоми боришоти зиёд ва ба тартиб даровардани нуқсонҳои техникии роҳи дар мувозинаи ширкатбуда низ тадбирҳои муассир андешида шаванд. ” Магар аз ин даъват, ки ҷавҳари он беҳбуд бахшидани сатҳу сифати фаъолият маҳсуб мешавад, ҳангома сохтан ҷоиз аст?

 Ба касе пӯшида нест, ки фаъолияти ин Ширкат дар кишвар тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консессияҳо” ва Шартномаи консессионӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақоми ҳуқуқии IRS дар ин санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ мушаххас шудааст. Ёдовар бояд шуд, ки  дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консессияҳо” бо ширкатҳои муътабари хориҷӣ ду шартномаи консессионӣ баста шудааст, ки натиҷаҳои ин иқдом қобили таваҷҷуҳанд. Ҳамватанони азиз хуб дар хотир доранд, ки яке аз чунин шартномаҳо соли 2002 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати  «Помир энержи» шартномаи консессионӣ ба муҳлати 25 сол ба имзо расид, ки он ба пешрафти минбаъдаи ин корхона такони бузург бахшид.

 Ба ширкати IRS дар ҷаласаи ҳайати Мушовара аз ҷониби вазир тавсия додан маънои онро надорад, ки IRS фаъолияти хуб надорад. Фаъолияти ширкати мазкур далели он аст, ки рисолаташ дар нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро шуда истодааст. Фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали Ширкат дар қатори дигар дастовардҳои даврони истиқлолият, барои боз ҳам беҳтар шудани некуаҳволии сокинони мамлакат ва пешрафту тараққиёти иқтисодӣ нақши арзишманд бозид.

 Баробари ба фаъолият оғоз кардани  филиали Ширкат рафтуомади мусофирон ва боркашонӣ аз шимол ба ҷануби мамлакат ва баръакс, ҳаматарафа мусоиду осон ва албатта, арзон  гардид, ки дар шароити кунунӣ омили муҳим маҳсуб мешавад. Боришоти бесобиқа дар тирамоҳи соли 2016 ва зимистони соли 2017 барои роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба маънои томаш имтиҳони ҷиддӣ буд, ки бидуни муболиға онҳо ин имтиҳонро сарбаландона гузаштанд.

 Шоҳиди ҳол будем, ки сарфи назар аз боришоти бошиддат ва тармафароии беист, кормандони он фаъолияти худро шабонарӯз ва ҳатто бо баҳои ҷони худ ба роҳ монда (дар давоми фаъолият 10 корманди IRS  ҳангоми иҷрои вазифа ба ҳалокат расиданд), тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, ки ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт таъмин бошаду мусофирону воситаҳои нақлиёти дар банди барф дармонда ба мавзеи бехавф интиқол шаванд.

 Ҳоло комилан эътироф менамоем, ки  ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ, ки дар мувозинаи ин ширкат қарор дорад, нисбат ба дигар роҳҳо хеле беҳтар аст. Аз ҷониби дигар, пойгоҳи техникии филиали Ширкат дар кишвар беназир буда, дорои техника ва механизмҳои махсусгардонидашудае мебошад, ки Вазорати нақлиёт надорад. Вазорати нақлиёт бо IRS  ҳамкории зич дорад, ва роҳбарияти Вазорати нақлиёт аз сатҳу сифати ҳамкориҳои он қаноатманд мебошад.

 Дар самти таъмир ва таҷдиди роҳи Душанбе – Чанок низ IRS хеле фаъол буда, бунёди 3 корхонаи истеҳсоли асфалт ва корхонаҳои коркарди масолеҳи сохтмонии бахши роҳу нақлиёт далели ин гуфтаҳост. Фаъолият ва нишондиҳандаҳои филиали Ширкати зикршударо роҳбарияти вазорат  пайваста ба масъулини дигар муассиаҳои роҳнигоҳдорӣ мисол меоранд. Мунтазам ривоҷ гирифтани таъмиру таҷдид далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти  IRS  маҳсуб мешавад. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. То ҷое иттилоъ дорам, дар давоми фаъолият аз ҷониби филиали Ширкат 110 километр роҳ таъмири куллӣ ва садҳо километр таъмири ҷорӣ шуд. Соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо ин мақсад зиёда аз 51 ҳазор тонна асфалт харҷ шуд. Дар натиҷа,  40 километр роҳ таъмири асосӣ ва сад километр таъмири ҷорӣ гардид.

  Масъулини Вазорати нақлиёт борҳо эътироф намуданд, ки  фаъолияти ширкати IRS тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол таъмин аст.

 Ба сифати нафари бо фаъолияти бахши роҳу нақлиёт аз наздик шинос, маълумот дорам, ки  дар марҳилаи аввали фаъолият  IRS барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият зиёда аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, минбаъд, ин нишондиҳанда бамаротиб афзоиш ёфт ва дар ин замина пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 210 техникаву механизм расонида шуда, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид. Барои мисол, танҳо соли равон ба Парки техникии филиали Ширкат 26 адад техникаву механизми махсусгардонишуда ворид гардид. Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла, «Тексидел»  технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад.

 Илова бар ин, солҳои охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.

Хуб дар хотир дорем, ки дар  гузаштаи на чандон дур ин роҳи аҳамияти стратегидошта дар ҳолати ногувор қарор дошт.  Шоҳидони ҳол  медонанд, ки пештар роҳи мазкур дар давоми сол 6-7 моҳ баста буд. Ронандагону мусофирон ба мушкилии зиёд мувоҷеҳ мешуданд.  Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки одамон ҳалок мешуданд, дар маросими дафни азизтарин ашхос иштирок карда наметавонистанд ва ғайра. Чунин мисолҳо ҳақиқати бебаҳс буда, касе наметавонад онҳоро инкор кунад.

   Фаромӯш накардаем, ки пештар барои то нуктаи ниҳоии ин масир рафтан 13 соат вақт лозим буд. Ҳоло бошад, дар 4 – 5 соат ин масофаро тай кардан имконпазир гардидааст. Бояд эътироф намоем, ки имрӯз бо шарофати фаъолияти пурмаҳсули ширкат чунин хароҷот ва хатарҳо бартараф шуда, бо меҳнати шабонарӯзии кормандонаш роҳи мазкур, ба истиснои чанд рӯз, он ҳам дар мавсими тармафароӣ  умуман баста нест.   

 Бинобар ин, таҷрибаи ширкати IRS-ро вазири нақлиёт  Худоёрзода Худоёр  дар як нишасти хабарӣ намунаи беҳтарин  арзёбӣ намуда буд, ки дар расонаҳо, аз ҷумла , радиои “Озодӣ” нашр шуда буд. Он вақт вазир гуфта буд, ки “Шумо шоҳид шудед, ки роҳи пулакии Душанеб – Хуҷанд аз лиҳози аҳамияти иқтисодӣ худро ба таври мусбат нишон дод. Агар ин роҳ пулакӣ намешуд, дар барф ва тармафуроии охир Вазорати нақлиёт бо маблағҳои ҷудошуда, аз уҳдаи ба истифода додани роҳ баромаданаш амри маҳол буд”  

Дар хусуси нигаронии вазири нақлиёт бобати он, ки "обпартоҳо пур аз сангу хоканд.  Хадамотро супориш медиҳам, ки оид ба ин масъала санҷиш гузаронад,  намояндагонашон мегӯянд, кормандони IRS онҳоро кор кардан намемонанд», қайд бояд кард, ки ин пурсиш ба хотири мушаххас кардани масъала буд. Яъне вазир хост дурустии маълумоти расидаро бевосита аз намояндаи филиали Ширкат пурсон шавад. Вазир масъаларо ба миён гузошта, аз намояндаи ширкат пурсид, ки оё ин рост аст? Ва супориш дод, ки  дар якҷоягӣ онро дида бароянд. Ин тавсия  буд, на танқид.

 

Тавре ки аз ин ширкат иттилоъ грифтем, тибқи муқаррароти Шартномаи консесионӣ, ки миёни Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст, дар масири роҳи Душанбе – Чанок ташкили дидбонгоҳҳои доимоамалкунанда манъ буда, кормандони мақомоти марбута, аз ҷумла, БДА, ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бояд тариқи сайёр фаъолият намоянд. Маълум гардид, ки маҳдудияти аз ҷониби кормандони филиали Ширкат ба мутахасссисони ХДНТ дар соҳаи нақлиёт танҳо ба масъалаи ташкил накардани дидбонгоҳи доимоамалкунанда  дахл доштааст.

 

Дар масъалаи нигаронии вазир  оид ба танбашавӣ дар плазаҳои толлингӣ бояд гӯем, ки он пеш аз ҳама, ба  обруву нуфузи филиали Ширкат, ки дар заминаи масъулиятшиносии роҳбарият ва фаъолияти пурмаҳсули кормандонаш тамоюли афзоишро касб намудааст, дахл дошт. Ҷоиз ба зикр аст, ки мавриди амал қарор гирифтани плазаҳои нави филиали Ширкат   хизматрасониро беҳтар намуда, дар навбати аввал тамбашавии воситаҳои нақлиётро аз байн бурд. Аммо дар робита ба ин тавсия дода шуд, ки бетафовутии баъзе кормандон бояд пешгирӣ шавад, то ба обрӯи IRS латма назананд.

 

Дар маҷмӯъ, гузориши мазкур дар ҳафтанома “Нақлиёт”, ки соҳавӣ маҳсуб мешавад, ба хотири пешравии кор  нашр шуда буд, на барои ҳангомасозӣ.  Дар ин гузориши ҳафтанома доир ба фаъолияти даҳҳо муассисаи дигар низ суханҳои ба томаш танқидӣ нашр шудаанд, аммо тааҷубовар аст, ки барои чӣ хабарнигори радиои “Озодӣ” маҳз ба ҳамин нукта таваҷҷуҳ зоҳир намуда, “аз пашша фил сохтааст”?

 

 

 

Хандонгул Доробова,

 

сармуҳаррири ҳафтаномаи “Нақлиёт”