• Tajik
  • Русский
  • English

  Хоҳарону модарони азиз, бонувони заҳматқарини соҳаи нақлиёту роҳ!

  Бо камоли мамнуният ва хушҳолӣ Рӯзи фарруху фархундаи модаронро ба ҳар яки шумо ва дар симои шумо аҳли хонаводаҳоятон табрик арз менамоям. Якчанд сол боз ба ибтикори Сарвари давлатамон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ин рӯзро махсус ба бузурдошту арҷгузории чашмаи музаффари ҳаёти насли башар Модар ихтисос медиҳем. Тамоми инсоният – зану мард, хурду калон, одию бузург – ҳамагӣ зодаву парвардаи домони муқаддаси модарони меҳрубон мебошанд.

  Модар барои фарзанд на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Ба ин далел, дар замони муосир миллату давлатҳои мутамаддину пешрафта ба ҷомеае арҷ мегузоранд, ки занро гиромӣ ва пос дошта, мақому манзалати онро дар сатҳи баланд нигоҳ медоранд. Мо ифтихор дорем, ки дар кишварамон  зан – модар мартабаи хосса дорад. Инро ҳам Конститутсияи ҷумҳурӣ ва ҳам тамоми қонунгузориҳои кишвар бебозгашт кафолат додаанд. Яке аз нишонаҳои асосии давлати демократии дунявӣ баробарҳуқуқии зан ба мард аст, ки дар давлати мо, чунон ки гуфтем, воқеияти амалӣ дорад.

  Чун Худованд латофату назокату зебоиро ба занон ато намудааст,  таҷлили ҷашни шумо ҳам ба фасли баҳору зебоӣ рост омадааст. Зеро модару баҳор ҳар ду зояндаву парваранда мебошанд. 

  Агар ба таърихи пайдоиши ин ҷашн назар кунем, он қаблан иди Бонувон набуда, балки ҷашни занони инқилобгар будааст. 8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карда, даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он вақтҳо занон то 16 соат дар як шабонарӯз меҳнат мекарданд, вале барои корҳояшон музди ночизе мегирифтанд.

  Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд аст, ки гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил додааст. Ҷашнгирии Иди Бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, барҳам додани қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Бори аввал рӯзи Байналхалқии занон дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейсария таҷлил шуда, баъдтар  дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта шуд ва то замони мо омада расид.

  Пас аз соҳибистиқдол гардидани Тоҷикистон, дар қатори дигар тадбирҳо Сарвари хирадманди кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар ҷомеа баланд бардошта, ба онҳо имкон фароҳам оварданд, то дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт дар қатори мардон кору фаъолият намоянд.

Чунонки Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид кардаанд « Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад…» 

  Аз ин хотир, бо ибтикори Пешвои миллатамон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 120  ҳазор духтарон, аз ҷумла 6 ҳазорашон тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ бомуваффақият фаъолият доранд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ беш аз 83 ҳазор духтарон, аз ҷумла дар хориҷи кишвар қариб сеюним ҳазор нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

  Тибқи маълумоти дастрасшуда солҳои аввали истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 64 зани соҳибкор мавҷуд буд, ҳоло бошад, танҳо шумораи корхонаҳои хурду миёна, ки роҳбарашон занону духтарон мебошанд, ба 2220 расидааст ва беш аз 126 ҳазор намояндаи ҷинси латиф ба соҳибкории инфиродӣ машғуланд. Дар мақомоти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии идоракунии давлатӣ ҳоло беш аз 8 ҳазор занону духтарон фаъолият мекунанд

  Бонувони гиромиқадр!

  Боиси ифтихор аст, ки дар маҷмааи нақлиёту роҳ, як соҳаи барои ҷинси латиф гарон  низ дар қатори мардон бонувони зиёд кору фаъолият доранд, аз шумораи умумии кормандон дар кулли соҳаи нақлиёт, ки зиёда аз  13000 нафарро ташкил медиҳанд, 22 фоизи онҳо занҳо мебошанд.

  Дар ин рӯзи фархунда бо як ҳисси ифтихор метавон номи ҳар яки Шуморо ба забон оварда, ба шумо арзи сипос намуд. Шумо ҳама арзанда ба таҳсину офарин ҳастед.Зеро дар баробари заҳмати хонадон ва тарбияи фарзанд дар коргоҳ ҳам шумо фаъолед.

  Тавре ки дар боло қайд кардем, дар кишвари мо мавқеим зан – модар дар ҷомеа баланд гардида, бо супориши Роҳбари давлат барномаи нави тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2016 - 2020 таҳия ва пешниҳод гардидааст. Ҳамчунин барои рушди фаъолияти занону духтарони соҳибкор  грантҳои нави Президенти кишвар барои солҳои 2016 - 2020 таҳия шуданд. Ин тадбирҳо дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ низ дарҷ ёфтааст. Ин сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Сарвари давати мо басо рамзист, зеро тамоми бори дунёро зан модар кашида метавонад. Бузургони сухан дар ин бора барҳақ гуфтаанд: “Модар бо як даст гаҳвора ва дигараш дунёро такон медиҳад”.

  Соли Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом доштани соли 2018  аз ҷониби Савари давлат ҳам басо муҳим аст барои бонувони тоҷик. Зеро ҳунарҳои мардумӣ гуфта пеш аз ҳама  масъули дасти бонувони эҳсонкор пеши назар меорем. Ин боз барои занону модарони кишвари мо имкон меиҳад, ки ҳунарҳои аҷдодии моро зинда гардонда,  офаридаҳояшонро ба ҷаҳониён муарифӣ намоянд.

  Вазорати нақлиёт ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҳама тарафа ҷонибдорӣ намуда, баҳри дар амал  тадбиқ намудани он, яъне ҳарчи бештар  ҷалб кардани занону духтарон ба кор ва фароҳам овардани шароит барои онҳо тадбирҳои муассир меандешад.

  Дар охир бонувони азизу гиромиқадр, ҷашни фархундаатонро самимона табрик гуфта, бароятон саодати зиндагӣ, бахти сафеду комгориҳои тоза ба тоза, осудагии хонадон ва сиҳатиии фарзандонро таманно мекунам ва аз забони шоир мегӯям:

Бигӯ шукронаи хоҳар шуданро,

Бигӯ шукронаи духтар шуданро.

Худовандо, ба ҳар як духтаре бахш

Саодатмандии модар шуданро!

Бори дигар Рӯзи Модарон бар Шумо муборак!