• Tajik
  • Русский
  • English

Ҳамкорону ҳамкасбон ва меҳмонони  гиромиқадр!      

   Кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар имрӯз низ чун анъанаи ҳамасола  иди касбии худ  “рӯзи  автомобилчиён”-ро қайд гирифта истодаанд. Иде, ки кайҳо боз аз иди касбӣ ба иди умумихалқӣ табдил ёфта,ҷашнгирии он дар фазои орому осоиштаи кишвар ва ягонагию ваҳдати миллӣ ба вуқуъ пайваста гардида истодааст. Имрӯз ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеъаро бе  нақлиёт, алалхусус бе автомобил тасаввур кардан маъно надорад, чунки ҳамарӯза ҳар яки мо бавосита ё бевосита бо  автомобил сару кор ва   алоқамандӣ дорем. Ин алоқамандӣ дар шароити хоси табиӣ-иқлимии ҷумҳурӣ бараъло дида мешавад. Дар шароит нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар намудҳои нақлиёт (роҳи оҳан ва ҳавоӣ) дорои бартарияти муҳими стратегӣ, хусусан дар самти таъмини интиқоли мунтазами дохилӣ бо фарогирии ҳамаи минтақаҳои мамлакат мебошад. Аз ин лиҳоз, ба рушди  шабакаи роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои он, ки робитаи доимии байни марказ ва минтақаҳои ҷумҳуриро таъмин мекунанд, аҳамияти махсус дода мешавад

   Мехостам  кутоҳ дар бораи таърихи  соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар,  ҳолати кунунӣ ва  чаро ҳар сол маҳз 25 июл Рӯзи автомобилчиён ё инки нақлиётчиёнро таҷлил мегирем маълумот диҳам.

  Ёдовар мешавам, ки 25 июли соли 1939 Қарори махсуси  Комиссариати халқии РСС Тоҷикистон оид ба ташкили сохторҳои нақлиёти автомобилӣ ба тасвиб расида, хоҷагиҳо, базаҳои автомобилӣ ва корхонаҳои таъмири автомобилиро муттаҳид кард.

  Баъдан он мунтазам ташаккул ёфта, дар маҷмӯъ ба сифати соҳаи алоҳида ба таври расмӣ солҳои 60-80 –уми қарни 20  ҳамчун як қисми таркибии шабакаи нақлиётии Иттиҳоди Шуравӣ шинохта шуда, фаъолият мекард.

  Аммо, баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ ва воқеаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар рушди ин соҳаи аз ҷиҳати иқтисодӣ зарур  ру ба таназзул овард. Дар назди роҳбарият ва  ҳукумати ҷумҳурӣ марҳилаи нави таърихии рушди иқтисодиёти кишвар зарурияти аз нав бунёд намудани инфрасохтори нақлиётӣ ба миён омад ва яке аз вазифаи асосии ин стратегия ин аз бунбасти коммуникатсионии нақлиётӣ  баровардани кишвар ба шумор мерафт.

  Имрӯз натиҷаҳои ин дурнамо ва амалишаваии барномаҳои қабулгардида, баръало намоён аст. Бале, имрӯз мо амалан стратегияи  баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро иҷро кардем. Акнун марҳилаи сифатан нави иҷрои ин стратегияи муҳим оғоз ёфтааст, ки он дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030 низ мавқеи асосиро ишғол мекунад.

   Илова бар ин роҷеъ ба гуфтаҳои боло ва  рушди  соҳаи нақлиёти автомобилӣ чанд мисоли мушаххас меорем.

  Агар то солҳои  2000-ум миқдори корхона ва муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ  70 ададро ташкил дода бошад, айни замон тибқи маълумотҳои омории соҳа дар бозори нақлиёти автомобилӣ 1412 адад субъектҳои хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 214  адад корхонаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 77 адад мусофирбар, 107 адад боркаш ҷиҳати пешниҳоди хизматрасонии нақлиётӣ фаъолият намуда истодаанд. Инчунин 28 адад ширкатҳои нақлиётии ватанӣ дар самти ҳамлу нақли боркашонии  байналмилалии автомобилӣ дар ҳамбастагӣ бо  ассотсиатсияҳои байналмилалии боркашонии “АВВАТ”, “АIАТТ”  ва “АЛТ” фаъолият доранд,  ки саҳми онҳо низ  дар рушди соҳа назаррас мебошад.

  Ҳамзамон, аз шумораи умумии 460 ҳазору 209 адад воситаҳои нақлиёти дар Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шуда,  14 ҳазору 567 ададаш воситаи нақлиёти мусофирбар, 38 ҳазору 988 адад боркаш ва 39 ҳазору 245 ададошон автомобилии сабукрав мебошанд.

  Ташкили дурусти фаъолияти нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар яке аз вазифаҳои ҳалталабӣ соҳа мебошад.  Дар ин раванд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе ва ҶСП “Холдинги Осиё Гуруҳ Тоҷикистон” харидорӣ намудани автобусҳои муосири мусофирбарӣ, ташкили  хизматрасониҳои автомобилҳои сабукрави “таксӣ”,  дар беҳтар намудани  сатҳу сифати хизматрасониҳо дар нақлиёти истифодаи умуми ш. Душанбе  саҳмгузор мебошанд.

  Тавре иттилоъ доред, баъди сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ  бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бо Ӯзбекистон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ” (аз 25.05.2018с., №1089) ба имзо расонида шуд. Ёдовар мешавем, ки баъди ин сафари расмӣ фаъолияти 9 адад гузаргоҳҳои дуҷонибаи сарҳадӣ аз нав барқарор гардидаанд.

  Ҳамзамон, санаи 15 майи соли ҷорӣ хатсайри мусофирбарии автомобилии “Хуҷанд-Тошкент-Хуҷанд” аз нав ифтитоҳ гардида, кушодашавии хатсайрҳои нави мусофирбарӣ, аз ҷумла “Душанбе- Термез- Душанбе”, “Панҷакент- Самарқанд- Панҷакент”, “Хуҷанд- Бухоро-Хуҷанд”, инчунин хатсайрҳои транзитии мусофирбар тариқи автобусҳо ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия зина ба зина амалӣ карда мешаванд.

  Дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон вобаста ба мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиётӣ  аҳамияти хоса зоҳир намуда, чунин қайд карданд:

  “Мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиёти ҷумҳурӣ дар шароити куҳсори Тоҷикистон, ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ, ба хусус нақлиёти автомобилӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад”.

  Пайваста инкишоф ёфтани соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарақиёти ҳамаи бахшҳои иқтисодии ба он алоқаманд мусоидат карда, таъсиси ҷойҳои  нави корӣ ва беҳтаршавии муҳити иҷтимоиро дар ҷомеъа таъмин менамояд.        

  Дар ин раванд ба инкишофи ҳамаи бахшҳои маҷмааи нақлиёти ҷумҳурӣ аҳамияти махсус дода шуда, танзими давлатии соҳа  дар доираи барномаи ягонаи рушди макроиқтисодӣ ва дохилисоҳавӣ  ба роҳ монда мешавад.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло бо 33  давлатҳои хориҷи дуру наздик дар асоси шартномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ҳамлу нақли  байналмилалии автомобилиро амалӣ менамояд ва дар ин раванд ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ зиёда аз 50 фисадро ташкил медиҳад, ки ин пеш аз ҳама аз афзудани маҳсулоти содиротӣ ва транзитии кишвар шаҳодат медиҳад.

  Бояд қайд кард, ки саҳми нақлиёти автомобилӣ дар ҳамлу нақл  бинобар он ки бо принсипи “аз дар то ба дар”  амалӣ мегардад,    рӯз то рӯз моҳияти бештар пайдо карда истодааст. Имрӯз дар бунёди  корхонаҳо ва иншоотҳои  бузург, аз ҷумла сохтмони НБО “Роғун”, ки  истиқлолияти энергетикии ҷумҳуриямонро таъмин менамояд, истифодаи  техникаю механизмҳо ва  автомобилҳои боркаши пуриқтидор саҳми арзанда доранд.

  Дар интиҳо бори дигар қайд карданиам, ки имрӯз нақлиётчиёни кишвар новобаста ба камбудию мушкилоти ҷойдошта,  дар самти хизматрасониҳои нақлиётӣ, инчунин дар ободии кишвар саҳми  арзанда доранд.  Дар ин соҳа, ки ҳазорон нафар ҷои кор пайдо кардаанд, бо меҳнати софдилонаи худ обрӯву эътибор пайдо карда, аз рӯи ин касби пуршараф луқмаи ҳалол насибашон гардидааст.

  Иди касбии нақлиёти автомобилиро ба ҳама собиқадорон, кормандони имрӯзаи соҳа ва дар шахсияти онҳо ба аҳли хонаводаашон табрик гуфта, барои онҳо пеш аз ҳама сиҳатмандиву умри бардавом, дили беғаму хотири ҷамъ, саодату хушбахтӣ орзу намуда, дар фаъолияти пурифтихорашон комёбиҳо таманно дорам.

Идатон муборак, дӯстони азиз!