• Tajik
  • Русский
  • English

   Ҳамкорону ҳамкасбони гиромиқадр!      

  Кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар иди касбии худ “Рӯзи автомобилчиёнро дар фазои орому осоиштаи кишвар ва ягонагию ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд.

  Соли 1939 25 июли Қарори махсуси  Комиссариати Халқии РСС Тоҷикистон оид ба ташкили сохторҳои нақлиёти автомобилӣ ба тасвиб расида, хоҷагиҳо, базаҳои автомобилӣ ва корхонаҳои таъмири автомобилиро муттаҳид кард.  Баъдан он дар маҷмӯъ ба сифати соҳаи алоҳида солҳои 60-80 –уми асри гузашта ҳамчун як қисми таркибии шабакаи нақлиётии Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд ёфт. Он солҳо кишвари мо дар бунбасти нақлиётӣ қарор дошт ва ин соҳа суст тараққӣ мекард. Бо вуҷуди ин чун як соҳаи муҳиму пешрафта тавсия наёфт. Аммо, воқеаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин соҳаро боз рӯ ба таназзул овард.  Аз ин лиҳоз, баъди пошхӯрии Шӯравӣ дар марҳилаи нави таърихии рушди иқтисодиёти кишвар зарурати аз нав бунёд намудани инфрасохтори нақлиётӣ ба миён омад ва роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварро яке аз самтҳои стратегӣ қарор дод.

  Имрӯз натиҷаи ин дурнамо ва саъю талошҳо баръало намоён аст. Бояд гуфт, ки мо амалан стратегияи  баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро иҷро кардем. Акнун марҳилаи сифатан нави иҷрои ин стратегияи муҳим оғоз ёфтааст, ки он дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030 низ мавқеи асосиро ишғол мекунад.

  Роҷеъ ба рушди  соҳаи нақлиёти автомобилӣ метавон  чанд мисоли мушаххас овард. То солҳои 2000-ум агар миқдори корхона ва муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ 70 ададро ташкил медод, айни замон дар ҷумҳурӣ 225 корхонаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 128 -тои он дар самти боркашонӣ ва 97- тои дигар дар самти мусофирбарӣ фаъолият намуда истодаанд. Шумораи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ соли 2000-ум 225 ҳазору 400 адад, соли 2010-ум 359 ҳазору 900 адад, соли 2015-ум 434 ҳазору 650 адад ва соли 2016 бошад, 439 ҳазору 970 ададро ташкил дод.

  Тибқи маълумоти омории соҳа, аз 1373 адад субъекти хоҷагидор дар бозори нақлиёти автомобилии кишвар ба қайд гирифташуда,  225 адад корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ буда, аз ҷумла, 50 ширкати нақлиёти автомобилии ватании дар ҳамлу нақли  байналмилалӣ фаъолияткунанда,  50 терминали мусофирбар, 14 терминали боркаш, 1000  нуқтаи хизматрасониҳои техникӣ, 84 қароргоҳи нақлиётӣ мебошанд.

  Дар миқёси ҷумҳурӣ  то 1-уми июли соли 2017   436444 воситаи нақлиёти автомобилӣ ба қайд гирифта шудааст.

  Айни замон дар кишвар корхонаҳои нақлиётии дорои шароити муосир ба монанди Эйшн-экспресс, “Ҳулбукнақлиёт”, “Файзимоҳ”, “Мехколоннаи №50”, “Умедтранс” ва ғайра арзи фаъолият доранд, ки бо нақлиётҳои замонавии тамғаҳои МАН, МЕРСЕДЕС, ВОЛВО  ва истеҳсоли чинӣ ҳамлу нақли бору мусофиронро дар самтҳои гуногун амалӣ  менамоянд. Алалхусус, аз Ҷониби ҶСП “Холдинги Осиё Гуруҳ Тоҷикистон” ворид  намудани 600 автобус  ва 2000  автомобили сабукрави таксӣ дар беҳтар намудани  сатҳу сифати хизматрасониҳо дар нақлиёти истифодаи умуми ш. Душанбе саҳми арзанда хоҳад гузошт.

  Инчунин дар самти ҳамлу нақли дохилию байналмилалии автомобилӣ ассотсиатсияҳои АВВАТ, АIАТТ ва ассотсиатсияҳои нақлиёти автомобилии  мусофирбарӣ ва боркашонӣ фаъолият доранд, ки саҳми онҳо низ  дар рушди соҳа назаррас мебошад.

  Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон вобаста ба мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиётӣ  аҳмияти хос зоҳир намуда, чунин қайд карданд:

  “Мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурӣ дар шароити куҳсори Тоҷикистон, ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ, бахусус нақлиёти автомобилӣ, яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Бинобар ин дар даврони истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо мағлаби умумии зиёда 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, татбиқи 14 лоиҳаи дигар бо маблағи умумии 5.5 миллиард сомонӣ идома дорад”.

  Пайваста инкишоф ёфтани соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тараққиёти ҳамаи бахшҳои иқтисодии ба он алоқаманд мусоидат карда, таъсиси ҷойҳои  нави корӣ ва беҳтаршавии муҳити иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин менамояд.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло бо 33  давлати хориҷи дуру наздик дар асоси шартномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ҳамлу нақли  байналмилалии автомобилиро амалӣ менамояд ва дар ин раванд ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ  49%- ро ташкил медиҳад, ки ин пеш аз ҳама аз афзудани маҳсулоти содиротӣ ва транзитии кишвар далолат медиҳад.

  Имрӯзҳо нақлиётчиёни кишвар новобаста ба камбудию мушкилоти ҷойдошта,  дар самти хизматрасониҳои нақлиётӣ, инчунин дар ободии кишвар саҳми  арзанда доранд.  Дар ин соҳа, ки ҳазорон нафар ҷои кор пайдо кардаанд, бо меҳнати софдилонаи худ обрӯву эътибор ёфта, аз рӯи ин касби пуршараф луқмаи ҳалол насибашон гардидааст.

  Иди касбии нақлиёти автомобилиро ба ҳама собиқадорон, кормандони имрӯзаи  соҳа ва дар шахсияти онҳо ба аҳли хонаводаашон табрик гуфта, барои онҳо пеш аз ҳама сиҳатмандиву умри бардавом, дили беғаму хотири ҷамъ, саодату хушбахтӣ орзу намуда, дар фаъолияти пурифтихорашон комёбиҳо таманно дорам.