• Tajik
  • Русский
  • English

Кормандони шарафманди маҷмааи нақлиёту роҳ, ҳамкасбони азиз!

  Басо рамзист, ки дар баробари таҷлили ҷашни 26 –умин солгарди Истиқлолияти кишвар, ҷашнҳои фархундаи касбӣ, рӯзи касбии роҳи оҳанчиён, ҳавопаймоён ва роҳсозон низ таҷлил мегарданд, ки боиси ифтихори кормандони соҳа мебошад.  Аз ин хотир ҳамаи Шумо ва дар симоятон аҳли хонадон ва кули мардуми шарифи Тоҷикистонро  шодбош мегӯям.

  Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идҳои касбиамон дар шароите таҷлил мегарданд, ки арзишҳо муқаддасебамисли истиқлолият, озодӣ, демократия барои мардуми Ватанамон  боз ҳам азизтар ва роҳи расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шудааст.  Ҳаракату талошҳои ҳамагонӣ барои пешрафти кишвари ҷоноҷонамон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ, муносиботи байналмилалӣ ва афзудан ба дастовардҳои беназире, ки давлат ва мардуми мо дар тӯли чаҳоряк аср ба он ноил гаштаанд, идома дорад.

   Рӯзи мубораки 9 – уми сентябри соли 1991 дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқӯъ пайваст. Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро эълом кард ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Роҳбарони ҷумҳуриро лозим буд, ки бо истифодаи комил аз ин фурсати мусоиди таърихӣ пояҳои давлати навбунёдро устувор сохта, барои баровардани ниёзу ормонҳои мардум самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлатро, бар асоси анъанаю суннатҳои дерини давлатдории миллии хеш, тарҳрезӣ намоянд ва Тоҷикистонро дар масири рушду тавсеа пеш баранд.

  Мутаассифона,  ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо иғвою фитнаи бегонагон дар хоки муқаддаси Тоҷикистон доман зада буд, ҳаллу фасли ин масъалаҳои муҳимро ба таъхир андохт. Танҳо пас аз баргузории Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сари қудрати сиёсӣ омадани сарвари тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории навин бунёду устувор гардиданд.

   Ба даст овардани сулҳу ризоят муҳимтарин дастоварди роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон гардид. Рисолати сулҳовари роҳбари нави Тоҷикистон махсусан дар ҷараёни музокироти тоҷикон барои сулҳу ризоят боз ҳам равшантар аён гашт. Дар ҷараёни музокираҳо, ки 40 моҳ  идома ёфтанд ва тарафҳо 21 маротиба сари мизи музокира нишастанд, 40 ҳуҷҷати барои давлат ва миллати тоҷик муҳим ба имзо расид. Пешвои тоҷикон  дар ҳассостарин марҳалаи гуфтушунид вориди музокирот шуда, ин ҷараёнро суръат бахшид. Вай баҳри дарёфти сулҳ омодагии худро иброз дошта, изҳор намуд, ки дар ҳар куҷое ҷониби мухолифин даъват кунад, ба ҳамон ҷо хоҳанд рафт. Мисли ин ки барои имтиҳон бошад, нахустин мулоқоташро бо роҳбарони мухолифини тоҷик дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон таъйин намуданд ва бидуни истиҳола, озими майдони хатар гардид, то ба бахти миллати тоҷик ҷавҳари сулҳ ба даст биёрад. Ин рафтори ҷавонмардона ва ҷасорати инсониву таваккали сиёсиаш аз назарҳо нодида намонд ва бисёре аз он неруҳо, ки берун аз Тоҷикистон иттилои нодуруст доштанд, аз самимияти мақсаду ниятҳои роҳбарияти кишвари мо воқиф гашта, тамоили худро тағйир медоданд. Барқарор шудани сулҳу оромӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар кишвар ба Ҳукумати мамлакат имкон дод, то ҳамкориҳои бештару густурдатареро бо кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ намуда, ба ҳалли масъалаҳои мубрами рушди дохилии мамлакат рӯй оранд. Иқтисодиёту инфрасохтори харобгашта ва дарҳамрехтаи мамлакатро дубора барқарор кардан лозим омад. Комёбиҳои ба дастомада  аҳли атрофи кишвариморо бу таҳайюр оварданд.

  Дар қатори дигар соҳаҳо маҷмааи нақлиёту роҳ низ дар давоми 26 – соли соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои зиёд нил гашт. Зеро баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз самтҳои стратегии рушди кишвар буд. Ҳанӯз дар авҷи даргириҳои мусаллаҳона, солҳои 1994-1995, Пешвои миллат лоиҳаи сохтани шоҳроҳи Мурғоб-Чинро тавассути ағбаи Қулма ва роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлобро тарҳрезӣ намуд, ки ин иншоот то соли 1998 ба истифода дода шуданд ва дар таъмини аҳолии кишвар бо озуқа ва барқарории сулҳу субот нақши ҳалкунанда бозиданд.

  Дар муддати 26 соли Истиқлолият дар ҳудуди кишвар беш аз 2000 км роҳҳои автомобилӣ, 5 нақби автомобилгард, 3 нақби қаторагузар, 190 км роҳҳои оҳан сохта шуданд. Роҳҳои тоза ба тозаи ҳавоӣ боз гаштанд, имрӯз мо бо 24 давлати олам масири парвоз дорем. Изофа бар ин 4 фурудгоҳи калони ҷумҳурӣ мақоми байналмилалӣ гирифта, Тоҷикистон соҳиби ҳавопаймоҳои замонавӣ гардид. Ҳоло ду ширкати ватанӣ ва даҳҳо ширкатҳои хоириҷӣ барои интиқоли бору мусфир ва барқарор намудани робитаи мустаҳкам бо давлатҳои дунё дар хизмати мардум қарор доранд.  

  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар самти нақлиёт узви 10 барномаи байналмилалӣ, аз ҷумла, ЭСКАТО ООН, ТРАСЕКА, ҳИМОМ, ШОС, СПЕКА, ЭКО мебошад. Дар доираи роҳҳои автомобилгарди Осиё 3 долон, дар доираи қарордоди аврупоӣ оид ба шоҳроҳҳои автомобилгарди байналхалқӣ 1 долон ва дар доираи Ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) 4 долон фаъолият доранд.

  Барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуда, натиҷаҳои самарбахш бадаст омаданд. Чунин талошҳои  созандагӣ мудаввом дар ҷараёнанд ва раванди онҳо таҳти назари махсуси Пешвои миллат қарор доранд.

  Роҳҳо ва пулҳои сохтаамон барои барқарор ва мустаҳакам намудани ваҳдату якпорчагии тамоми минтақаҳои мамлакат нақши калидӣ гузоштанд.

  Ҳамкорони арҷманд ва мӯҳтарам кормандону ходимони соҳаи нақлиёти кишвар дар анҷоми сухан барои меҳнати самарабахш ва ҳисса гузоштанатон дар таҳкими музаффариятҳои Истиқлолияти Тоҷикистон ба шумо сипосгузорӣ намуда, таманно дорам, ки ба хотири ин рӯйдоди бузурги таърихӣ дар мубориза бо муқобили густариши хурофот, зоҳирпарастӣ, ифротгарии диниву мазҳабӣ, исрофкорӣ ва ҷараёнҳои барои миллати мо бегона фаъолтар гардида, барои ободонии роҳҳои кишвар, хизматрасониии бехатару пурсамар барои халқи кишвар ва барои таъмини саодату иттиҳоди мардум ҳар яки мо дар масири ободии Ватанамон боз ҳам бештар кӯшиш намоем.

  Бори дигар ҷашни фархундаи ормонбахш, Истиқлоли кишвар, идҳои ксбиро ба якояки Шумо, аҳли хонаводаатон ва  ёру дӯстонатон табрик мегӯям!