• Tajik
  • Русский
  • English

Кормандони шарафман­ди маҷмааи нақлиёту роҳ, ҳамкасбони азиз!

Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки ҳамасола таҷлили ҷашни фархунда - иди касбии роҳсозон ба таҷлили ҷашни 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии киш­вар рост меояд. Аз ин лиҳоз ҳамаи Шумо ва дар симоятон аҳли хонадон ва кулли мардуми ша­рифи Тоҷикистонро ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 92-умин солгарди иди касбии роҳсозон шодбош мегӯям.

Ҷашни Истиқлолияти  давлатӣ ва иди касбиа­мон дар шароите таҷлил мегар­данд, ки кишвари азизамон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ, равобиту ҳамкориҳои байналмилалӣ  бемайлон пеш рафта, мардуми шарафманди диёр барои сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиќлолияти давлатӣ бо азми қавӣ ва суббот талош меварзанд.

Дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик 28 сол муққадам рӯйдоди бузургу хуҷаста ба вуқуъ пайваст ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти  давлатии худро  эълом карда ва ҳамчун дав­лати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Роҳбарияти давлати навбунёдро дар он рӯзҳои тақдирсоз лозим буд, ки пояҳои дав­латдориро устувор сох­та, самтҳои асо­сии сиёсати дохиливу хориҷии давлатро тарҳрезӣ намоянд.

Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо иғвою фитнаи бегонагон дар хоки муқаддаси Тоҷикистон до­ман зада буд, ҳаллу фасли ин масъалаҳои муҳимро муддате ба таъхир андохт. Танҳо пас аз баргузории Иҷлосияи сарна­виштсози XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сари қудрати сиёсӣ омадани Сарвари тоҷикон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои дав­латдории навин бунёду устувор гардиданд.

Барқарор намудани сулҳу оромӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар кишвар ба Ҳукумати мамла­кат имкон дод, то ҳамкориҳои бештарро бо кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ намуда, ба ҳалли масъалаҳои мубрами рушди дохилии мам­лакат рӯй оранд. Иқтисодиёту инфрасохтори харобгашта ва дарҳамрехтаи мамлакатро ду­бора барқарор кардан лозим омад. Дастовардҳои аҳли атрофи кишварамонро ба таҳайюр оварданд.

Дар қатори дигар соҳаҳо маҷмааи нақлиёту роҳ низ дар да­воми 28 – соли соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гашт. Зеро бароварда­ни Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз самтҳои стратегии рушди кишвар буд. Сардори давлат бо азми қатъӣ бунёду сохтмон ва эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдориро аз ҳадафҳои асосиву афзалиятнок дониста, гуфта буданд, ки «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Ин мушкилотро мо дар солҳои Истиқлоли кишварамон ба таври амиқ эҳсос намудем. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст».

 Дар муддати 28 соли Истиқлолият дар ҳудуди киш­вар беш аз 2700 км роҳҳои автомобилии аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва маҳалидошта, 5 нақби автомо­билгард, 3 нақби қаторагузар, 173 км роҳҳои оҳан ва зиёда аз 400 пулҳои хурду калон бунёд гардида, мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.

Боиси ифтихори мо кормандони соҳаи роҳу нақлиёт аст, ки дар аввали моҳи августи соли равон корҳои сохтмонӣ боз дар як иншооти муҳими ҷашнӣ “Таҷдиди роҳи автомобилгарди “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг” ба анҷом расонида шуда, дар фазои тантанавӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Танҳо дар давоми як сол, яъне аз рўзи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ то ба имруз бо ҷаҳду талош ва дастгирию кумаки ҳамарузаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Шарикони Рушд якчанд лоиҳаҳои кумаки техникӣ дар вазорат амалӣ гардидаанд, ки дар натиҷа ба муассисаҳои давлатӣ беш аз 303 техникаю таҷҳизоти  пуриқтидору замонавӣ дастрас гардидаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар самти нақлиёт узви 10 барномаи байналмилалӣ мебошад. Дар доираи роҳҳои автомобилгарди Осиё 3 долон, дар доираи қарордоди аврупоӣ оид ба шоҳроҳҳои автомобил­гарди байналхалқӣ 1 долон ва дар доираи Ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) 4 долон фаъолият доранд.

Дастовези бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар ин таҳкимбахшии муносибатҳои судманди байналмилалӣ бо мамолики ҳаммарз ва шарикони стратегӣ мебошад, ки дар ин самт дастёбии бузург - барқарор гардидани дӯстии ду миллати ҳамҷавору дӯст тоҷику ӯзбек мавқеи хоса дорад. Маҳз бо шарофати заҳматҳои беназири Сарони ҳар ду кишвар - Пешвои муаззами милатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марзҳо боз гаштанду орзуи чандинсолаи мардуми тоҷику узбеки ҳарду ҷониб ҷомаи амал пӯшид.

Аз дастовардҳои соҳа дар даврони истиқлол агар ҳарф бизанем, хеле зиёданд, ки ин ҳам ифтихори мост. Аммо бояд гуфт, ки роҳҳо ва пулҳои сохтаамон барои барқарор ва мустаҳакам намудани ваҳдату якпорчагии тамоми минтақаҳои мамлакат нақши калидӣ гузоштанд.

Ҳамкорони арҷманд ва мӯҳтарам кормандону хо­димони соҳаи нақлиёту роҳсозии кишвар, барои меҳнати самарабахш ва ҳисса гузоштанатон дар таҳкими музаффариятҳои Истиқлолияти Тоҷикистон ба яко яки шумо ташаккури бепоён мегӯям ва та­манно дорам, ки ба хотири ин рӯйдоди бузурги таърихӣ дар мубориза ба муқобили густа­риши хурофот, зоҳирпарастӣ, ифротгароии диниву мазҳабӣ, исрофкорӣ ва ҷараёнҳои барои миллати мо бегона фаъол­тар гардида, барои ободонии роҳҳои кишвар, хизматрасо­нии бехатару пурсамар барои халқи кишвар ва барои таъми­ни саодату иттиҳоди мардум ҳар яки мо дар масири ободии Ватанамон боз ҳам бештар кӯшиш намоем.

Бори дигар рӯзи роҳсозон ва ҷашни фархун­даи ормонбахш, Истиқлоли кишварро ба якоя­ки Шумо, аҳли хонавода ва ёру дӯстонатон табрик мегӯям!