• Tajik
  • Русский
  • English

Ҳамкасбони муҳтарам, бонувони заҳматкаши соҳаи роҳу нақлиёт!

  Боиси хушнудии ҳар як тоҷикистонист, ки Рӯзи Модарон дар низоми умумии ҷашнҳои баҳорӣ, ки аз Сада шурӯъ гашта, бо Наврӯзи оламафрӯз ба охир мерасанд, ҳамасола таҷлил мегардад ва пайки бедории табиат, сабз ва рӯишро ба фард-фарди миллат мерасонад. Ба туфайли таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба худшиносӣ, эҳёи анъана ва ҷашнҳои қадимаи миллӣ баъд аз ҷаҳонӣ гардидани Наврӯзи Аҷам идҳои дигари мо низ шаклҳои марғуб ва маъниҳои тозаи матлуб пайдо намуда, сол ба сол ба маросимҳои бунёдсозию ободонии Тоҷикистони азизамон табдил ёфта истодаанд. Ин раванди фараҳбахш зиндагии моро ранги тоза ато менамояд, онро маъно ва мазмуни нав мебахшад, маънавиёти моро ғанитар мегардонад.

  Ҳар яки мо ҳамчун фарзанди олиҳаи зебоию муҳаббат – яъне, Зан-Модар аз он ифтихор дорем, ки дар радифи ҷашнҳои бузургамон Рӯзи Модар яке аз идҳои муҳим ва ботантанаи мо мебошад. Чунин муносибат ба ин ҷашн реша дар истиқболи бисёр гарму самимонаи Пешвои миллат дорад, ки дар яке аз суханрониҳояшон дар ҳузури бонувон мефармоянд: «Агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, Модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт аст. Аз ин рӯ, мо Модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем».

  Дар умқи ин сатрҳо чї қадар меҳру муҳаббат, чї қадар садоқату эҳтиром ба ҷинси латиф ниҳон аст! Оре, модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш гирифта, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд. Баробари ин, боз дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ӯро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф намуда, бо камоли садоқатмандӣ вайро мададгорӣ менамояд. Маҳз ба ҳамин хотир, Зан-Модар нисбат ба мард имтиёз ва бартарӣ дошта, соҳиби мақому мартабаи муқаддасу беназир гардидааст.

  Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти ҳамин нуктаҳои муҳим масъалаи нигоҳ доштани манзалат ва мақоми занро як ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ қарор дода, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби бонувони болаёқат, дастгирии ташаббуси онҳо дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, роҳу нақлиёт ва ғамхорӣ нисбат ба оиларо аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи худ медонад.

   Ман ҳамчун роҳбари соҳа имрӯз бо дили пур гуфта метавонам, ки дар Вазорати нақлиёт дастуру нишондодҳои Сарвари давлат дар мавриди баланд бурдани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини духтарону ҷавонзанон бо кор ва ғамхорӣ ба бонувон пурра амалӣ гардидааст. Айни замон дар тамоми корхонаҳои вазорат (37%) бонувон фаъолият намуда, 20 дарсади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. 7 бону дар мансабҳои роҳбарикунандаи Вазорати нақлиёт кор карда, натиҷаҳои заҳматашон аз мардон камтар нест. ҷӯқҳї

  Бо истифода аз фурсат ба ҳар кадомашон арзи миннатдории худро расонда, бо камоли итминон мегӯяд, ки ба корҳои нисбатан сабуки фикрӣ ва муомила бо технологияи компютерии муосир ҷалб намудани қувваи занонро дар оянда боз ҳам вусъат хоҳем дод.

  Дар остонаи Рӯзи мубораки Модарон номи ҳар яки Шуморо бо ифтихор ба забон мегирам ва ба ҳамаи Шумо, бонувони соҳа, барои дар қатори мардон заҳмат кашиданатон арзи сипоси махсуси худро мерасонам.

  Барои он ки бартарии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатамон аз бисёр давлатҳои ҷаҳони сеюм ва ҳатто рӯ ба рушд равшантар ба назар расад, аз соҳаи худамон як мисоли одӣ меорам. Чанд моҳ қабл занони беҳуқуқи Арабистони Саудӣ пас аз талошҳои чандинсолаашон ниҳоят ҳаққи дар сари чанбари автомобил нишастанро дар доираи маҳдуд ба даст оварданд. Аммо дунявияту демократӣ будани сохти давлатдории мо барои занонамон имкон медихад, ки на танҳо сари фармони автомобил нишинанд, балки дар соҳаҳои муҳимтари роҳу нақлиёт қобилияти худро нишон диҳанд.

  Хушбахтона, мо имрӯз мушоҳида менамоем, ки сафи бонувони ронанда рӯз ба рӯз бештар гардида, мувофиқи маълумоти оморӣ, занони ронанда нисбат ба мардон воситаи нақлиётро баэҳтиёттар меронанд, ки аз ин ҳисоб шумораи садамаҳо хеле коҳиш ёфтааст.

  Албатта, ин танҳо як мисоли одии шарофати ҳузури занон дар ҷамъият аст. Ба туфайли иштироки бонувон дар ҷараёни корҳо, даҳҳо масъала роҳи ҳалли худро ба осонӣ меёбанд, интизому тартиби доимӣ ҳукфармо мешавад, мардон нисбат ба бахши фаъолияти худ ҷиддитар рафтор менамоянд.

  Барои ҳамин бузуртарин устоди сухани воло Мирзо Турсунзода фармудаанд, ки:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд!

  Дар ин рӯзи пурмасаррат барои Шумо, хоҳарон ва модарони азиз, ободии хонадон, таҳти фарзандон, тандурустии бенуқсон ва осудагии дилу ҷон таманно менамоям.

     Идатон ҳумоюн бод, бонувони арҷманд!