• Tajik
  • Русский
  • English

   Кормандони шарафманди маҷмааи нақлиёт!

   Чун мо дар арафаи Соли нави мелодӣ қарор дорем, сараввал Соли нави мелодиро барои якояки шумо, аҳли хонавода ва пайвандонатон самимона табрик гуфта, бароятон саломатии том, саодати зиндагиву хушбахтиҳо ва комёбиҳои тоза таманно мекунам.

   Соҳаи нақлиёт яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда, дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавқеи муҳим дорад. Хушбахтона, имсол низ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари вазифаҳои бардӯшдоштаашро сарбаландона иҷро намуд. Дар асоси сиёсати бунёдкоронаву созандагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаву тадбирҳои таҳия ва тарҳрезишуда амалӣ гаштанд.

  Имрӯзҳо бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати татбиқи яке аз стратегияҳои муҳими давлатӣ - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари транзитӣ дар соҳаи нақлиёт татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 806 млн. 370,0 ҳазор доллари ИМА идома дорад. Аз ин 14 лоиҳа ба соҳаи роҳдорӣ тааллуқ дошта, 95,9 фоизи маблағҳои лоиҳавиро ташкил медиҳад.

  Имсол дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин моҳи сентябр роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихум, қитъаи Шӯрообод – Шоҳон ба маблағи 92,9 млн. доллари ИМА бо дарозии 40 км ва дар доираи он 10 адад пул бо дарозии 1121 метр ба истифода дода шуд.

  Ҳамзамон ба оғози сохтмони қитъаҳои А (Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин) ба маблағи 51,1 млн. доллари ИМА бо дарозии 32 км ва F (Шкев-Қалъаихум)-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихум ба маблағи 46,6 млн. доллари ИМА бо дарозии 26 км, инчунин ба оғози корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи “Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе - Қӯрғонтеппа” бо дарозии 33,2 км аз ҷумла 4 адад пул ва 69 адад облӯлаҳо (марҳилаи аввал ба муҳлати 3 сол) ба маблағи умумии 97,0 млн. доллари ИМА санги асос гузоштанд.

  Дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ айни ҳол 1247 нафар мутахассисону коргарони ватанию хориҷӣ фаъолият мекунанд, ки 84,1%-и онҳоро (1049 нафар) шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

  Дар баробари лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмони асосӣ вусъат ёфта, имсол дар 20 иншоот ба маблағи 14 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар 11 моҳ корҳои сохтмони асосӣ дар 19 иншоот оғоз гардида, ба 13,6 млн. сомонӣ ё 97,1% маблағҳои пешбинишуда корҳо иҷро шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5% зиёд мебошад. Дар доираи маблағҳои пешбинишуда барқароркунии 109,2 км роҳҳои автомобилгард ва 7 адад пул бо дарозии 428,43 иҷро шуда истодааст, ки ба ҳолати 01.12.2017. барқароркунии 18,02 км роҳ ва 2 адад пул бо дарозии 36,3 метр ба анҷом расонида, ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин корҳои боқимонда дар нақби “Истиқлол” (5,3 км) ба итмом расонида шуданд.

  Дар баробари сохтмон, азнавсозӣ ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард, нигоҳдории роҳҳо низ дар соҳа аҳамияти муҳим дорад. Дар умум 82,5 км таъмири роҳ (асфалтпӯшкунӣ) ва 683,3 км шағалпӯшкунии роҳ, таъмири ҷории 5708,8 км роҳҳо, таъмиру азнавсозии 234 адад пул бо дарозии 5332,4 метр ва 321 адад облӯлаҳо бо дарозии 3012 метр иҷро шудааст.

  Тавассути нақлиёти истифодаи умум дар ҳамин сол ба 237 млн. 441,4 ҳазор мусофир хизмат расонида шудааст. Аз ин 236 млн. 158,6 ҳазор мусофир ба нақлиёти автомобилӣ (бидуни шаҳри Душанбе), 783,0 ҳазор мусофир ба нақлиёти ҳавоии ватанӣ ва 499,8 ҳазор мусофир ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.

  Фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба 1824,1 ҳазор мусофирон хизмат расонидаанд.

  Теъдоди парвозҳои хизматрасонидашудаи фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ 7936 адад, аз ҷумла 6910 адад парвозҳои байналмилалро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 11 моҳи соли 2016, 0,8% коҳиш ёфтааст. Аз ин теъдод 2820 парвоз ба ширкатҳои ватанӣ рост меояд (аз ҷумла 1794 адад байналмилалӣ ва 1026 адад дохилӣ) ва нисбати 11 моҳи соли 2016, 9,0% коҳиш ёфтааст.

  Бо нақлиёти автомобилии истифодаи умум 15 млн. 540,8 ҳазор тонна бор бо гардиши 2 млрд. 815,4 млн. тонна/км интиқол дода шуд.Ҳаҷми боркашонии дохилии автомобилӣ 14 млн. 297,1 ҳазор тонна ва байналмилалӣ 1243,7 ҳазор тонна, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ 105,5 ҳазор тонна баробар шуд. Ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан 4 млн. 216,9 ҳазор тонна бо гардиши 143,6 млн. тонна/км интиқол дода шудааст.

  Содироти молҳои хоҷагии халқ тавассути роҳи оҳан 660,5 ҳазор тонна ва воридот 3 млн. 311,8 ҳазор тоннаро ташкил дода, содироти маҳсулоти кишоварзӣ бо нақлиёти роҳи оҳан 79,2 ҳазор тонна баробар шуд.

  Ҳамкасбони муҳтарам, рӯйхати дастовардҳои маҷмааи нақлиётро метавон боз идома дод, вале бо овардани намунаҳои зикршуда иктифо намуда, умед дорем, ки минбаъд низ ба хотири рушду тавсеаи соҳаҳои марбути вазорат ва созандагиву ободкорӣ дар Ватанамон, бо роҳбарии Сарвари хирадманди кишварамон, аз дилу ҷон фаъолият намуда, уҳдадориву вазифаҳои ояндаро низ бошарафона иҷро хоҳем намуд.

  Бори дигар Соли нави мелодиро ба Шумо муборак мегӯям. Бигузор соли рафта тамоми ғаму андуҳ ва мушкилоти рӯзгорро бо худ бурда, Соли нави мелодӣ шодиву фараҳ, осудагии кишвару аҳли хонадони Шумо ва муваффақиятҳои корро барои ҳар яки мо бо худ дастовез орад.

  Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!