• Tajik
  • Русский
  • English

Кормандони сарбаланди маҷмааи нақлиёт!

Боз як соли пур аз гиру дор ва дастоварду муваффақиятро паси сар намудем. Имсол низ Вазорати нақлиёти кишвар аксари вазифаҳои ба уҳдадоштаро сарбаландона ба анҷом расонд. Бо ҳидоят ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаву тадбирҳои таҳия ва тарҳрезишуда амалӣ гаштанд.

Роҳдорону роҳсозон, нақлиётчиёну роҳиоҳанчиёни кишвар дар соли 2018 ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд.

Имсол ҷуғрофияи хатсайрҳои байналмилалии автомобилӣ зиёд гардида, дар баробари хатсайрҳои ба самти Федератсияи Русия (шаҳрҳои Самара, Новосибирск), ва Ҷумҳурии Қирғизистон (шаҳрҳои Боткент, Арка) фаъолиятдошта, боз хатсайрҳои нав бо шаҳрҳои Термиз, Денҳав ва Самарқанди кишвари ҳамсоя - Ҷумҳурии Ӯзбекистон кушода шуданд. Инчунин хатсайрҳои ғайримунтазами байналмилалии нақлиёти автомобилӣ бо Федератсияи Русия (Екатеринбург, Иркутск, Москва) вуҷуд доранд.

Барои ташкили босифати хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбарӣ бо ибтикори Роҳбарияти кишвар ва Ҳукумати шаҳри Душанбе зиёда аз дусад автобуси замонавӣ ва садҳо нақлиёти мусофирбари таксӣ ба кишвар ворид гардида, корхонаи муштараки тоҷикиву туркии “Авесто” ташкил карда шуд, ки автобусҳои замонавиро истеҳсол мекунад. Имрӯзҳо даҳҳо автобуси ин корхона дар хизмати мусофирон қарор доранд.

Дар роҳи оҳани Тоҷикистон пас аз мулоқоти Сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳани Ҳушодӣ – Амузанг кушода шуда, аз ин ҳисоб нишондиҳандаҳои боркашониву мусофирбарӣ низ зиёд гардиданд.

Ба ҷуз аз ҳамлу нақли бору мусофир ҳамчунин аз ҷониби роҳи оҳан як қатор корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ, аз ҷумла, сохтмону таҷдиди пулҳои қаторагузар дар шаҳри Душанбе, бунёди Боғи Аҳмади Дониш ва ғайраҳо анҷом дода шудаанд, ки аз ин ҷиҳат корхона дар кишвар яке аз беҳтаринҳо дониста шуд.  

Имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллатамон дар соҳаи нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.

Лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара” бо дарозии 67,7 км, қитъаҳои Гулистон-Исфара бо дарозии 18,2 км, Исфара-Ким бо дарозии 13 км, Ким-Кучкак 13,9 км ва Конибодом-Патар бо дарозии 5,7 км пурра ба анҷом расида, 27 июни соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Инчунин, Сарвари давлат 22 октябр дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қитъаҳои боқимондаи роҳи автомобилгарди Деҳмой-Пролетар ва Пролетар-Маданияти роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфараро ба истифода доданд.

Дар арафаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт аввалин эстакада дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Лоиҳаҳои “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода ва “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар” идома дошта, корҳои сохтмонии зиёд аллакай ба иҷро расидаанд.

Имсол аз ҳисоби сарфаи маблағҳои Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг ва асфалтхобонии қабати дуюми болопӯши роҳ дар қитъаи Сайрон-Қарамиқ таҷдиди роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг оғоз гардида, як қисми корҳои сохтмонӣ иҷро шудаанд.

Айни ҳол, лоиҳаи “Хариди таҷҳизот ва техника барои нигоҳдории роҳҳо бо омӯзиши мутахассисон барои вилояти Суғд ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон” амалӣ шуда истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Э. Раҳмон 22 октябри соли равон дар вазъи тантанавӣ ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд техника ва таҷҳизотро супориданд.

Ҳамчунин бо иштироки Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода 27 ноябр ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб техника ва таҷҳизот супорида шуд.

Имрӯзҳо ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои давлатии сармоягузории афзалиятноки соҳа идома доранд, ки мақсад аз татбиқи лоиҳаҳои мазкур рушди иқтисодиёти кишвар тавассути беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи нақлиёт бо ҷалби бештари аҳолии маҳаллӣ ва молу маҳсулоти сохтмонии ватанӣ мебошад.

Соли 2018 барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ба маблағи 60,8 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо истифода аз маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 53 млн. 421,6 ҳазор сомонӣ ва буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 7 млн. 367,5 ҳазор сомонӣ, корҳои таъмиру нигоҳдорӣ иҷро гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Бағайр аз ин бо дастгирии ширкатҳою соҳибкорони ватанӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба маблағи 50 млн. 985,5 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он иҷро гардидаанд.

Ҳамкасбони муҳтарам, дастовардҳои маҷмааи нақлиётро метавон боз идома дод, вале бо овардани намунаҳои зикршуда иктифо намуда, умед дорем, ки минбаъд низ ба хотири рушду тавсеаи соҳаҳои марбути вазорат ва созандагиву ободкорӣ дар Ватанамон, бо роҳбарии Сарвари хирадманду созандаи кишварамон, аз дилу ҷон фаъолият намуда, уҳдадориву вазифаҳои ояндаро низ бошарафона иҷро хоҳем намуд.

Пайёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ки тамоми нукоти муҳими зиндагиамон дар он зикр гардидааст, моро маҳз барои иҷрои амалҳои ояндасоз ҳидоят мекунад.

Соли нави мелодиро барои якояки шумо ва аҳли хонаводаву наздиконатон таҳният гуфта, бароятон осудагии хонадон ва тавфиқу барори корро таманно дорам.

Бигузор тамоми мушкилоти рӯзгор бо соли куҳна бадар шуда, Соли нави мелодӣ хушиҳои зиндагӣ ва оромиву тансиҳатиро ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ дастовез орад.

Соли нав, бодо муборак бар Шумо,

Бахти наву иқболи нав бодо муборак бар Шумо!