• Tajik
  • Русский
  • English

Ҳамкасбони азиз, кормандони шарафманди маҷмааи нақлиёту роҳ!

  Боз баҳори фархундапай бо баракату файзи хеш ба сарзамини биҳиштосои меҳмоннавози мо, Тоҷикистони азиз, қадам ранҷа фармуду ҳамагон дар тараддуди таҷлили Наврӯзи оламшумул ҳастанд. Пойтахти кишварамон Душанбешаҳри нозанин бо қабои идона ба бар кардан боз хуррамтару зеботар гашта, аз омодагии кулли сокинони он ба Наврӯзи оламафрӯз дарак медиҳад. Таҷлили ин ҷашни бостонӣ ва фарорасии фасли зебои сол- баҳори гулафшонро  ба ҳамаи Шумо ва дар симоятон ба аҳли хонадон ва тамоми мардуми тамаддунофари Тоҷикистон муборак мегӯям. Ба ҳар яки Шумо осудагӣ,  хушбахтиву комронӣ ва дастурхони пурфайзи наврӯзиро таманно мекунам.

 Барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва зебои табиат маҳз бо пешниҳоди Сарвари муаззами давлати мо, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлати дӯсту бародар буд.

 Пас аз он, ки Наврӯз ҷаҳонӣ гашт, Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» дар қатъномааш қайд кард, ки  давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.

 Тавре ки Пешвои миллатамон қайд кардаанд, «Воқеан, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст”.

 Наврӯз таърихи чанд ҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар мавриди таърихи пайдоиши Наврӯз дар сарчашмаҳои муътамади хаттӣ ва муосир маълумоти зиёде дастрас аст, ки аз куҳанбунёд будани ин иди хуҷаста дарак медиҳанд. Донишмандон ва шоирони бузурге, чун Фирдавсӣ, Манучеҳрӣ, Унсурӣ, Табарӣ, Масъудӣ, Гардезӣ ва дигарон, ки манбаи таърихии онҳо, бегумон, адабиёти қабл аз исломӣ буд, Наврӯз ва баргузории ҷашни Наврӯзро аз замони подшоҳии Ҷамшед медонанд.

 Дар достонҳои қадима, аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ омадааст, ки ҷашни Наврӯз дар замони Ҷамшед – нахустин подшоҳ дар рӯйи замин, оғоз гардидааст. Бар асоси ривояти таърихӣ, Ҷамшед бар ҳар муносибате бар рӯйи тахт менишаст ва бо анҷоми корҳои нек ҷашнеро барпо мекард. Дар яке аз чунин маросим, ки ба сурати интиқодӣ ба рӯзи аввали фарвардин рост омада буд, тобидани нури хуршед дар тоҷи ин подшоҳ шӯру ғавғое дар миёни мардум барпо кард ва ҳама бо як овоз «Ҷамшед», яъне «бузургӣ дурахшид» гӯён, садо баланд карданд ва аз ҳамон замон ин ном бар ӯ ниҳода шуд. Ҷамшед ин рӯзро ба хотири ин иттифоқи уфтода ва истиқболи мардум рӯзи нав ва муборак пиндошт. Аз он пас ҳар сол ин рӯзро ба унвони Наврӯз гиромӣ дошт. Бархе аз дигар сарчашмаҳо Каюмарсро поягузори Наврӯз медонанд.

 Ривояту ҳикоятҳо дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашн зиёданд, вале мо бо он иктифо мекунем, ки ин ҷашни бостонӣ, ки аз ниёгонамон ба мо мерос монда, на танҳо таърихи бой, балки маънӣ ва манзалати басе бузург дорад ва мо бояд онро пос дошта ба наслҳои оянда мерос гузорем.

 Сарвари хирадманди кишвари мо баҳри посдории анъанаҳои нек ва ҳунарҳои волои  аҷдодиамон, ки дар худ маънии инсондӯстиву саховат ва поккориро тараннум мекунанд ва бадин  васила тарғиб намудани он миёни мардум боз ба такрор солҳои 2019 – 2021-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, то ҷаҳониён аз таърихи куҳанбунёд, ҳунарҳо ва суннатҳои деринаи мардуми мо огоҳӣ ёбанд.

 Наврӯз барои кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтор ва кирдори нек, дӯстиву ҳамкории халқҳо хизмат намуда, ҳамзамон бо ин, ҳамаи моро сӯи рӯзгори орому бехушунат ва талош ба хотири зиндагии осуда роҳнамоӣ мекунад.

 Ин фасли зебои баҳорӣ ва афву гуноҳбахшиданҳоро ҳама бесаброна мунтазиранд, вале мо роҳсозону роҳдорон, аз ҳама зиёд онро интизорем, зеро бо дамидани нафаси гарми баҳорӣ, ташвишҳои фуромадани тармаву роҳбандӣ паси сар мешаванду аз пайи таъмиру ислоҳи вайронаҳои фасли сармо мегардем.

 Дар қатори дигарон кормандони шарафманди соҳаи нақлиёт низ ин ҷашни фархундаро бо як шаҳомату сарбаландӣ истиқбол мегиранд. Аз Наврӯз то Наврӯзи имсола роҳдорону роҳсозон, нақлиётчиёну роҳиоҳанчиёни кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд.

 Кушодашавии хатсайрҳои нави нақлиёти автомобилӣ  бо кишвари ҳамсоя Ӯзбекистон, Русия ва Қазоқистон, ба истифода додани роҳи сесатҳа дар маҳаллаи 82, роҳи Хуҷанд – Исфара, Айнӣ – Панҷакент, ҳамчунин дастрас намудани 24 техника ва таҷҳизоти роҳсозиву роҳнигоҳдорӣ, ба имзо расондани чанд созишномаи нав барои татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ аз зумраи муваффақиятҳоянд, ки аз Наврӯз то Наврӯз ба он ноил гардидем. Боварии комил дорам, ки Наврӯзи имсола низ барои мо пайки хурсандӣ меораду дар ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ тамоми вазифаҳои ба зиммагузоштаамонро бо сари баланд анҷом медиҳем.

 Басе рамзист, ки дар Наврӯз ба хотири аз чангу ғубор ва олудагиҳои зимистон пок кардани хонаву дар, гирду атроф ва боғу киштзоронро тозаву обод мекунанд, бояд қалбҳои мо ҳам аз тамоми кинаву адоват ва фикрҳои сиёҳ поку соф шуда, аз меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ лабрез гарданд. Осмони софу дастархони пурнозу неъматро Наврӯзи имсола ба мо дастовез орад.

 Бо чунин ниятҳо бори дигар ҳамаи Шумо – ҳамватанони азиз, кулли кормандони маҷмааи нақиёту роҳро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба ҳамаатон осудагии хонадон ва пирӯзиву барори кор таманно мекунам.

Дӯстон ҷашни дилафрӯз муборак бошад,

ҷашни фархундаи Наврӯз муборак бошад!